Раҳмон аз музокироти Эрону Амрико изҳори умедворӣ кардааст

Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён дар рӯзи 16-уми январи соли 2025 дар Душанбе.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои эронии худ Масъуди Пизишкиён, изҳори умедворӣ кардааст, ки музокироти Эрону Амрико дар бораи поён додан ба ҷанг натиҷа медиҳад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, гуфтугӯ рӯзи 26-уми май сурат гирифтааст ва ду тараф ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ва ҳам вазъ дар Халиҷи Форсро баррасӣ кардаанд.

Дар баёния омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон “бо ибрози қаноатмандӣ аз раванди музокироти сулҳомез дар ин ҷода ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, тавассути муколамаи созанда изҳори умед намуданд.”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 24-уми май гуфт, ки музокирот бо Эрон муназзам пеш меравад. Рӯзе баъд аз ин артиши Иёлоти Муттаҳида дар ба чанд пойгоҳи мушакандозӣ ва қаиқҳои эронӣ дар ҷануби Эрон зарба зад. Ба гуфтаи фармондеҳони Амрико, ин қаиқҳо талош доштанд, дар тангии Ҳурмуз мина гузоранд.

Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Барои гуфтугу ва расидан ба як созиш 8-уми апрел миёни ҷонибҳо оташбас эълон шуд.