Ҳар субҳ Файсал дар канори роҳе дар наздикии Теҳрон, пойтахти Эрон мунтазири корфармое меистад, то музде ба даст орад. Ин муҳоҷири 27-сола аз Афғонистони ҳамсоя пештар тақрибан ҳар рӯз кори ҷисмоние пайдо мекард ва то 10 миллион риёл (7,5 доллар) ба даст меовард. Қисми зиёди ин пулро ба ҳамсар ва панҷ фарзандаш ба ватан мефиристод.
Аммо кори ҳамарӯзаи ҷисмонӣ, ки Файсал барои таъмини зиндагӣ ба он умед мебаст, пас аз оғози бомбаборони Эрон аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил аз рӯзи 28-уми феврал, кам шудааст. Ин ҷанги ёздаҳ ҳафтаӣ иқтисоди нимавайронаи Эронро фалаҷ карда, бахши аъзами зербунёдҳо ва саноати кишварро аз кор даровард ва нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро боло бурд.
Паёмадҳои иқтисодии низоъ ба таври хос ба зиндагии ҳудуди 4 миллион паноҳҷӯ ва муҳоҷири афғонистонӣ дар Эрон, ки бинобар ҷанг, фақру қашшоқӣ ва таъқиб аз Афғонистон фирор кардаанд, зарбаи сахт зад. Бисёре аз онҳо дар ҷумҳурии исломӣ мақоми қонунӣ надоранд ва аз ҳуқуқи аввалия маҳруманд.
Файсал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Аксари рӯзҳо ҳеч коре пайдо карда наметавонам. Вақте ҳам ки кор пайдо шавад, муздам нисфи он пулест, ки қаблан барои ҳамин кор мегирифтам." Ӯ хост, ки бинобар далоили амниятӣ номи хонаводагиаш зикр нашавад.
Ҷанг ҳамчунин фазои амниятиро дар Эрон сахттар карда, тарси афғонистониҳоро аз боздошт ё ихроҷ афзудааст. Мақомоти Эрон баъди оғози низоъ, нерӯҳои амниятиро дар шаҳрҳои бузург ҷойгир карда, дастрасии бисёре аз шаҳрвандонро ба интернет қатъ намуданд ва мунаққидони давлатро боздошт мекунанд.
"Ҳама чиз гарон шуд"
Бисёре аз афғонистониҳо дар Эрон ҳамчун мардикор, тоҷири хурд ва коргари сохтмон кор мекунанд.
Яке аз онҳо Ҳафизуллоҳ Ноибӣ аст, ки соли 2024 ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш ба Эрон кӯчидааст. Ноибӣ, ки дар шаҳри Исфаҳони Эрон зиндагӣ мекунад, мегӯяд, нархи маҳсулоти ниёзи аввалия аз замони оғози ҷанг ба шиддат боло рафтааст.
Ноибӣ, ки кафшергар ва аз вилояти Форёби Афғонистон аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Нархи нон аз 30 ҳазор риёл (0,02 доллар) ба 200 ҳазор риёл (0,15 доллар) расид."
Ӯ афзуд: "Нархи гӯшти мурғ беш аз чаҳор баробар зиёд шуд. Маоши ман тағйир наёфтааст, аммо ҳама чизи дигар, мисли биринҷ ва равған гаронтар шуданд".
Ин низоъ бӯҳрони иқтисодиро дар Эрон, ки бо таварруми афзоянда ва бекорӣ даст ба гиребон буд, амиқтар кард. Дар моҳи март арзиши маҳсулоти ғизоӣ дар муқоиса бо моҳи соли 2025 ба андозаи 110 дарсад афзоиш ёфт.
"Мардум метарсанд"
Афғонистониҳое, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат карданд, гуфтанд, ки мақомот дигар раводиди муҳоҷиронро тамдид намекунанд ва ин вазъ бархеро сардаргум ва сарсон кардааст.
Дар солҳои охир беш аз 1 миллион афғонистонӣ дар маъракае барои ихроҷи тамоми муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷат аз кишвар ронда шуданд. Афғонистониҳо дар Эрон бо бадрафторӣ ва табъизи густурда рӯбарӯ ҳастанд ва аксар вақт онҳоро дар ноамнӣ гунаҳкор мекунанд.
Файсал мегӯяд, нигарон аст, ки ҷанг метавонад боиси саркӯби нави ӯву ҳамватанонаш шавад. Ӯ корманди собиқи нерӯҳои амниятии Афғонистон аст, ки пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 фирор кард. Файсал мегӯяд, аз он замон инҷониб бидуни иҷозаи иқомат дар Эрон зиндагӣ мекунад. Ӯ афзуд: "Ман ин ҷо талош мекунам худро аз мақомот пинҳон кунам. Ҳамеша метарсам, ки маро дастгир мекунанд."
Ба гуфтаи Файсал, моҳи январ Эронро ба қасди Туркия тарк кард, аммо аз сарҳад пас гардониданд. Бозгашт ба Афғонистон барои ӯ имконнопазир аст. Ӯ аз интиқоми Толибон метарсад, ки ба боздошт, шиканҷа ва қатли кормандони собиқи нерӯҳои амниятӣ муттаҳам мешаванд.
Бо вуҷуди хатарҳо барои афғонистониҳо, Эрон ихроҷи дастаҷамъии онҳоро идома медиҳад. Бар асоси омори расмии ҳукумати Эрон, дар се моҳи аввали соли 2026 беш аз 120 ҳазор афғонистонӣ аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.
Басиҷа Саидӣ, як фаъоли ҳуқуқи башари афғон дар Эрон мегӯяд: "Мардум метарсанд. Онҳо намедонанд, ки оё метавонанд як рӯзи дигар ин ҷо бимонанд ё на".