Нозири Шабакаҳои тақсимоти барқи Данғараро дастгир кардаанд

Electricity, Kulob city, Tajikistan

Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Данғара яке аз кормандони Шабакаи тақсимоти барқи ноҳияро бо иттиҳоми фиреби мардум ва зиён расондан ба ин муассиса дастгир кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май хабар дод, Раҳимов М.С сокини 32-солаи ноҳияи Данғара, нозири ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба он гумонбар мешавад, ки бо тағйир додани иттило дар компютерҳои шабака ба ҳисоби сокинони деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара бештар аз 73 ҳазор киловат соати нерӯи барқи изофӣ навишта аз ин роҳ ба ҳисоби муассисаи худ бештар аз 30 ҳазор сомонӣ зиён расондааст.

Ҳоло нозири собиқи муасссисаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба сохтакорӣ ва тағйир додани иттилооти компютерӣ муттаҳам мешавад. Дар Тоҷикистон дар чанд соли гузашта шикоят аз ҳисобҳои баланди нерӯи барқ аз тарафи мардум зиёд шунида мешуд, вале мақомот мегуфтанд, ки худи мардум нерӯи барқро зиёд истифода мебаранд.

Вале баъдан мақомот эътироф карданд, ки дасткории иттилооти истифода аз нерӯи барқ ва дуздидани пули мардум аз тарафи худи нозирон вуҷуд дорад. Бо ин гуна иттиҳом ва гуноҳ даҳҳо нозири барқро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҳам кашидаанд.