Дар пайи чаппа шудани як кӯҳпораи азим дар Шугнови ноҳияи Ховалинг, чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Фавтидагон ба коркарди тило машғул буданд. Ҳодиса рӯзи 23-юми май рух додааст.
Ду манбаи огоҳ аз ноҳияи Ховалинг дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се нафар аз фавтидагон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва як нафар аз шаҳри Бохтар мебошанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади се нафарро дирӯз ва ҷасади як тани дигарро ин субҳ аз зери сангрезаҳо пайдо карда, барои ташхис ба маркази ноҳияи Ховалинг интиқол доданд.
"Дар онҷо ҷуқурӣ мекофтанд. Ҳангоми кор сангу шағал ба болояшон чаппа мешавад ва дар зери он мемонанд. Ҷасадҳоро як рӯз кофтанд ва пайдо карданд. Чорумашро субҳи имрӯз ёфтанд ва гуфтанд, ки ташхис карда, баъдан ба хонаводаш месупоранд",-гуфт мусоҳиби мо.
Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, фавтидаҳо аз 19 то 42 сол умр доштанд.
Ин бори аввал нест, ки ҳангоми заршӯӣ коргарон дар ин минтақа зери сангреза монда, ҷони худро аз даст медиҳанд.
Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир шаш ширкат ба заршӯӣ машғуланд. Аксари кормандони ин ширкатҳо аз дигар шаҳру ноҳияи кишвар барои кор инҷо меоянд.
Коркарди тилои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тилои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт.