Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байнулмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, таъсис ёфт. Дар ин бора рӯзи 23 май фармони президент Эмомалӣ Раҳмон содир шуд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамзамон фонди ин ҷоизаи байналмилалӣ ташкил мешавад.
Маблағи ин ҷоиза эълон нашудааст.
Дар шарҳи фармони президент Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки ин ҷоиза ба ҳадафи арҷгузорӣ ба саҳми Абуалӣ ибни Сино дар тибби ҷаҳонӣ, таъсис дода шудаст.
Ин ҷоиза ба афроде дода мешавад, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.
Абуалӣ ибни Сино яке аз донишмандони бузурги соҳаи тиб ба шумор меравад. Ӯ соли 980 мелодӣ дар Бухоро ба дунё омада, соли 1037 дар Ҳамадони Эрон аз олам чашм пӯшидааст.
Дар Тоҷикистон Донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Душанбе номи ӯро дорад. Яке аз ноҳияҳои пойтахти Тоҷикистон низ ба номи ӯ гузошта шудааст.