Амри Хоманаӣ барои набаровардани урани ғанишуда аз Эрон

Бино ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон бо як дастур берун бурдани урани ғанишуда аз ин кишварро манъ кардааст. Дар ин бора ду манбаи баландпояи эронӣ ба ин хабаргузорӣ маълумот додаанд.

Ба гуфтаи яке аз ҳамсӯҳбатони хабаргузорӣ, "дастури раҳбари олӣ ва розигии ҳокимият ин аст, ки захираҳои урани ғанишуда набояд аз кишвар берун бурда шаванд".

Дар Теҳрон нигаронанд, ки интиқоли уран метавонад Эронро дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил осебпазиртар кунад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигори телевизиони "Ал-Ҷазира" Алӣ Ҳошим бо такя ба манбае дар ҳукумати Эрон навиштааст, ки Хоманаӣ чунин санадеро имзо накардааст.

Ҳамсӯҳбати ин расона, хабарҳои Reuters-ро "таблиғоти мухолифони созишномаи сулҳ" номида, таъкид кардааст, ки мавқеи Эрон бетағйир мемонад.

"Теҳрон омода аст, ки мустақилона ва таҳти назорати Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) ғанисозии як қисм ураниумро камтар кунад",-гуфтааст ин манбаъ.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талаб дорад, ки Эрон дар доираи созиши эҳтимолӣ оид ба барномаи ҳастаӣ, аз урании ғанишуда даст кашад.

Амрико ва Исроил пойфишорӣ мекунанд, ки урани ғанишудаи Эрон аз кишвар хориҷ карда шавад ё таҳти назорати байналмилалӣ қарор гирад.

Тибқи маълумоти Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, Эрон тақрибан 440 килограм урани ғализ дорад, ки то 60 дарсад ғанӣ шудаанд. Дар сурати ғанисозии бештар ин уранро метавон барои сохти силоҳи атомӣ истифода бурд.