Раҳмон ва дабири CАҲА ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд

Фаридун Синирлиоғлу ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе мулоқот доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Фаридун Синирлиоғлу, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамкории байни ду тараф, аз ҷумла дар мавриди пешгирӣ аз ҷиноятҳои интернетӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки мулоқот рӯзи 20-уми март дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Дар баёнияи расмӣ омадааст, “таваҷҷуҳ ба ҳамкории дуҷониба дар ҳар се самти асосии кори созмон - ҷанбаҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ равона карда шуд.”

Дар баёнияи ҳамчунин омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Фаридун Синирлиоғлу “доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо савдои инсон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳкими иқтидори воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ сурат гирифт.”

Ҳукумати Тоҷикистон маҳз дар ҳамин арсаҳо солҳои ахир танқид мешавад, аз ҷумла барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи бунёдии мардум, интихоботҳои ғайридемократӣ ва олуда ба тақаллуб, талошҳои нокофӣ барои аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила ва ҳам маҳдуд кардани озодии матбуот.

Дар камтар аз ду соли гузашта дар Тоҷикистон 9 хабарнигору блогер маҳкум ба зиндон шудаанд ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомот фақат барои интиқод аз амалкардҳои мақомот аз онҳо интиқом гирифтааст.

Соли 2025 Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълон кард, ки нозиронашро барои назорати интихоботи порлумонии Тоҷикистон намефиристад. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон", боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.

Фаридун Синирлиоғлу, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин рӯзи 20-уми май бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими марзҳо, муқовимат бо таҳдидҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро баррасӣ кардааст.

Дафтари матбуоти вазорат гуфт, “таваҷҷуҳи махсус ба барномаҳои муштарак дар самтҳои таъмини субот, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, амнияти киберӣ ва дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ зоҳир гардид.”