Чин ба Тоҷикистон таҷҳизоти зиддитеррористӣ медиҳад. Бар асоси тафоҳумнома миёни ду кишвар, ки Радиои Озодӣ 20-уми май бо он шинос шуд, ин кӯмакҳо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба кишвар дода мешаванд.
Дар санад омадааст, Чин ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон "як миқдор таҷҳизоти зиддитеррористӣ, аз ҷумла 34 таҷҳизоти разведкавӣ, мавод ва лавозимоти полисро пешниҳод кунад".
Арзиши ин таҷҳизот 52 миллион юан ё 7,6 миллион долларро ташкил медиҳад ва ройгон ба Тоҷикистон дода мешаванд. Дар санад омадааст, ки Чин ҳамчунин ҳашт мутахассисро барои насбу танзими ин таҷҳизот ба Тоҷикистон мефиристад ва онҳо 45 рӯз дар кишвар хоҳанд монд.
Тоҷикистон аз таҷҳизоти мазкур боҷи гумрукӣ ва андоз намеситонад ва хароҷоти минбаъдаи нигаҳдории дастгоҳҳоро ба ӯҳда мегирад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ӯҳдадор шудаанд, ки барои мутахассисони чинӣ шароити корӣ фароҳам ва амнияти онҳоро таъмин мекунанд.
Ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавзуи нав нест. Дар тирамоҳи соли 2021 порлумони Тоҷикистон аз нияти Чин барои таъсиси як қарогоҳи низомии 10-миллиондолларӣ барои нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дар водии Вахон хабар дода буд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, он замон дар ҷаласаи порлумон гуфт, бинои нав махсус барои гуруҳи зудамал (ОМОН), ки тобеи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил мебошад, сохта мешавад.
Чин ҳамчунин қарздиҳандаи калонтарини Тоҷикистон буда, тақрибан сеяки қарзи берунаи Тоҷикистон ба ин кишвар рабт дорад. Дар ҷараёни сафири ахири президенти Эмомалӣ Раҳмон ба Чин миёни ду кишвар даҳҳо санади нав имзо шуд.
Ба ҳайси шарики тиҷоратии азимтарини Тоҷикистон, аз чор як қисмати муомилаҳои берунии Тоҷикистон ҳам ба Чин марбут аст. Сармоягузориҳои ҳангуфти Чин нигарониҳоро дар бораи вобастагии Душанбе аз Пекин бештар кардааст.