Таъсири ҷанги Амрикову Исроил ба санъати китоби Эрон

IRAN BOOK FAIR 2024

Саънати нашриётии Эрон, ки пештар ҳам даргири мушкилот буд, ин ҳафта дар шароите вориди Ҳафтумин намоишгоҳи маҷозии китоби Теҳрон мешавад, ки ҳатто як сол пеш тасаввури ин гуна шароит душвор буд.

Осеби физикӣ ба китобфурӯшиҳо дар пайи ҳамлаҳои ИМА ва Исроил, қатъи интернет аз сӯи давлат, ки наздик ба 80 рӯз аст, идома дорад, буҳрони коғаз, ки ба далели таҳримҳои замони ҷанг шиддат гирифтааст ва иқтисоде, ки зери бори ҷанг дар ҳоли фарсоиш аст.

Ин намоишгоҳи маҷозӣ маъмулан ҳамзамон бо Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон баргузор мешавад, ки қарор буд, сиюҳафтумин давраи худро ин ҳафта баргузор кунад. Аммо баргузории намоишгоҳи физикӣ ё ҳузурӣ имсол бекор шудааст ва баргузоркунандагон ҷанг ва пайомадҳои онро танҳо далели ба таври маҷозӣ баргузор шудани намоишгоҳ унвон кардаанд.

Ин намоишгоҳ, ки аз 16 то 22 май бо шиъори “Бихонем барои Эрон” баргузор мешавад, худ меъёре аст, барои санҷиши мизони тағйирот.

Алӣ Ҷаъфарободӣ, мудири Шаҳри китоб – бузургтарин фурӯшгоҳи занҷираии китоб дар Эрон бо наздик ба 100 шуъба дар саросари Эрон, мегӯяд, ҳадди ақал шаш шуъба дар Теҳрон аз замони шуруи ҷанг дар 28 феврали имсол дар ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил осеб дида ё тахриб шудааст. Дар аввалҳои моҳи март як шуъба ба таври комил тахриб шуд ва ду шуъбаи дигар низ бозсозии густардаро талаб мекунанд.

Қатъи интернет ин мушкилро печидатар кардааст. Амир Ҳусайнзодагон, мудири интишороти Оғнӯш, яке аз нашриётҳои бузурги Теҳрон гуфт, ки ҳоло нашриёт амалан чанд ҳафта аст, ки аз фаъолият мондааст ва иртибот бо нависандагону тарҷумонҳои дохилу хориҷи Эрон қатъ шудааст.

Буҳрони коғаз - мушкиле, ки пеш аз ҷанг реша дар таҳримҳои байналмилалӣ дошт ва Эронро маҷбур ба пардохти зиёди асъори хориҷӣ мекард, дар шароити иқтисоди замони ҷанг ба шиддат бадтар шудааст. Ноширон мегӯянд, харҷи тавлид ба сурати ҳангуфте дар ҳоли афзоиш аст ва чопу фурӯши китобҳоро ба таври афзоянда ғайримумкин мекунад.

“Қимати коғаз, ширеш, саҳҳофӣ ва маводи дигари аввалия хеле гарон шудааст ва ҳар рӯзу ҳар ҳафта афзоиш меёбад. Пеш аз он ки китоб ба нашр расад, ношир аллакай зарар мебинад”, - гуфт Ҳусайнзодагон.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Эрон дар ҳоли пардохти кумакпулӣ барои китобҳои кӯдакона аст, ки ба унвони нишонае аз ҳамбастагӣ бо қурбониёни ҳамлаи мушакӣ ба мактабе дар Миноб, ки беш аз 160 хонандаро кушт, матраҳ шудааст. Аммо ноширон шак доранд, ки ин иқдом битавонад ин холигоҳро пур кунад.

Хабаргузории китоби Эрон аз хиёбони Инқилоб, маҳалли таърихии китобфурӯшии Теҳрон аз витринҳои пур аз китобҳое дар бораи ҷанг, таърихи муосир, Амрико, Исроил ва Ховари Миёна гузориш дод. Кафка, Камю ва Оврел дар канори китобҳое дар бораи ҷанги Эрону Ироқ ва сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳди қарор гирифтаанд.

Онҳое, ки китобҳои мамнуъ мефурӯшанд, нопадид шудаанд. Аммо китобфурӯшиҳои атрофи онҳо дар ҳоли кам шудан ҳастанд ва дар бархе маврид қаҳвахонаҳо ҷойи онҳоро мегиранд, зеро фурӯши китобҳои чопӣ дар замони ҷанг фоидае намеоварад.