Тафтиши парвандаи куштори Саломатшо Ғалчаев, як сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ, ба поён расидааст. Таҳқиқро муфаттишони Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ анҷом додаанд.
Дар ин парванда Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тибқи моддаи 104, қисми яки Кодекси ҷиноӣ ба иттиҳоми "одамкушӣ", муҳокима мешавад. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ барои айбдоршаванда аз 8 то 15 сол зиндон пешбинӣ мекунад.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев рӯзи 15 уми май ба такя ба масъулини тафтишотии Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқ ҳамакнун ба поён расидааст.
"Пайвандони Саломатшо, аз ҷумла, писараш ва дигар наздиконе, ки шаби ҳодиса шоҳид буданд, ба Хоруғ даъват шуданд ва аз онҳо баёнот гирифта шуд. Бо шурӯи тафтишот, Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ ба Хоруғ оварда шуд ва дар боздоштгоҳ қарор дорад",-гуфт бародари Саломатшоҳ.
Ҳодиса шаби 17-уми марти имссол дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ бар сари робитаи Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки гуфта мешавад, хеши ҷавони кушташуда аст, рӯй дода буд.
Дар ҳоли ҳозир мавқеи фарди муттаҳам ва наздиконаш ба қазия маълум нест.