Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон як донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ин ноҳияро барои ғайриқонунӣ паҳн кардани маводи динӣ ҷазо додааст.
Додгоҳ дар хабарномае навишт, ин донишҷӯи 25-сола "адабиёти динӣ ва дигар маводи дорои хусусияти диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн намудааст".
Назари ин ҷавон ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
Додгоҳ гуфтааст, донишҷӯро барои бе иҷозат паҳн кардани маводи динӣ ҷарима кардааст, аммо ҳаҷми ҷаримаро эълон накарданд.
Моддаи 474 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ин кор то 5400 сомонӣ ҷарима таъйин кардааст.
Дар Тоҷикистон танҳо баъди гузаштан аз ташхиси диншиносӣ ва гирифтани иҷозаи Кумитаи дин, воридот ва паҳн кардани маводи динӣ иҷозат аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид кардаанд.