Тоҷикистон дар поёни моҳи май мизбони конфронси СММ оид ба масоили об хоҳад буд ва барои иштирок дар ин ҳамоиш дар Душанбе қарор аст коршиносон ва мақомот аз беш аз сад кишвар ҷамъ шаванд.
Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикикистон рӯзи 14-уми май дар як нишасти хабарӣ барномаи Конфронси чоруми оби Душанберо шарҳ доданд.
Саноӣ Бойзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ гуфт, ин ҳамоиш ҳамчун яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 хоҳад буд, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Араб, баргузор мегардад.
Ба гуфтаи вазорат, қарор аст намояндагони 110 кишвар ва сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар ин ҳамоиш ширкат кунанд.
Ин чорумин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кӯмаки Созмони Милал баргузор мешавад.
Мақомот дар ҳоле ба баргузории ин гуна ҳамоишҳо таваҷҷуҳ доранд, ки ба иттилои расмӣ, қариб 40 дарсади аҳолӣ дар дохили Тоҷикистон аз камбуди об танқисӣ мекашанд ва ҳар сол дар пайи селу обхезиҳо, даҳҳо нафар зарар мебинанд.
Мунтақидон бар инанд, ки чунин ҳамоишҳо бештар хислати таблиғотӣ доранд, то амалӣ ва ҳадафи асосияшон баланд бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Намояндагони 100 кишвар барои “об” ба Тоҷикистон меоянд