Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи 13 май эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, ба таври "махфиёна" ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар карда буд.
Дар ин баёния омадааст, ки Нетаняҳу бо Шайх Муҳаммад бин Зоид, раиси Имороти Муттаҳидаи Араб дидор кард. Дафтари нахуствазири Исроил гуфт, "ин сафар ба як пешрафти таърихӣ дар робитаҳо миёни Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб сабаб шуд".
Пештар мақомҳои баландпояи амрикоӣ тасдиқ карданд, ки Исроил дар ҷараёни ҷанг бо Эрон, як системаи дифои ҳавоии "Гунбади оҳанин" ба ҳамроҳи нерӯҳо барои истифода аз онро ба Иморот фиристодааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи мақомҳои араб ва як манбаи огоҳ, ки ба рӯзномаи Wall Street Journal гуфтугӯ карданд, раиси МОССАД, Созмони истихбороти Исроил, дастикам ду бор дар тӯли ҷанг бо Эрон, ба Иморот сафар кардааст, то дар бораи ҳамоҳангиҳои вобаста ба ин даргирӣ суҳбат кунад.
Имороти Муттаҳидаи Араб аз камшумор кишварҳои арабӣ аст, ки бо Исроил робитаҳои дипломатӣ дорад. Ҷонибҳо ин робитаҳоро дар чорчӯби "Тавофуқномаҳои иброҳимӣ"дар соли 2020 ба таври расмӣ барқарор карданд.