Дар ҳамлаи мошини бомбгузоришуда ва афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи пулис дар минтақаи Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон ҳадди ақал 14 кас кушта шудааст.
Дар ҳамлаи мошини бомбгузоришуда ва афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи пулис дар минтақаи Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон ҳадди ақал 14 кас кушта шудааст.
Ин иттилоъро хабаргузории “Рейтерз” бо такя ба пулиси Покистон нашр кардааст.
Бино ба иттилои нашршуда, ин ҳамла рӯзи шанбе нахуст бо инфиҷори як мошини бомбгузоришуда оғоз ва пас аз он афроди мусаллаҳ ба посгоҳ ворид шудаанд.
Дар ин ҳамла ҳамчунин 3 каси дигар захмӣ шудааст. Гуруҳе бо номи “Иттиҳоди муҷоҳидин” масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифтааст.