Ҳушдор аз борони сахту обхезӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳавошиносони тоҷик аз боронгариҳои сахт, омадани сел ва раъду барқ дар рӯзҳои 10-11 май ҳушдор доданд. Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд дар ин рӯзҳо дар бештари минтақаҳои кишвар ба ҷуз, шарқи ВМКБ, ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, боронгариҳои сахт дар Душанбе, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ёвон, Ваҳдат, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тавилдара, Лахш, Панҷакент, Данғара, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз дар назар аст.

Ба иттилои Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рузҳо бинобар боронгариҳои зиёд эҳтимол дорад сатҳи оби дарёҳои Зарафшон, Обихингов, Вахш, Ёхсу, Қизилсӯ ва дарёҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор боло равад.

Оҷонсӣ ба мардум тавсия додааст, ки дар ин рузҳо аз чораҳои эҳтиётӣ кор бигиранд ва ҷуйбору селроҳаҳоро пок кунанд. Ба сокинони минтақаҳои куҳистонӣ тавсия шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз аз рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, алаф, гиёҳҳои шифобахш ва моҳигирӣ, худдорӣ кунанд.

Ҳушдори ҳавошиносон дар ҳолест, ки Тоҷикистон рӯзҳои 1-4 май шоҳиди боронҳои зиёд ва омадани сел буд. Дар пайи ин офати табиӣ ҳадди ақал 4 нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диҳанд.