Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 9 май дар Душанбе дар маросими таҷлил аз Рӯзи ғалаба иштирок кард. Ин маросим дар боғи Ғалабаи пойтахт доир шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин маросим мақомоти давлатӣ, собиқадорони ҷанг, намояндагони ниҳодҳои дипломатии муқими Душанбе ва Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, иштирок доштанд.
Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон тахминан 300 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар шуданд ва сеяки онҳо барнагаштанд. 65 зодаи Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро гирифтаанд.
Дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо баҳои ҷонсупориҳои даҳҳо ҳазор сарбоз аз Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ҳам ба даст омадааст.
Эмомалӣ Раҳмон яке аз ширкатдорони доимии ҷашнҳои Рӯзи ғалаба дар Маскав ҳатто баъди шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина буд. Аммо ба иттилои манбаъҳо дар ҳукумати Тоҷикистон, ӯ имсол дар ҷашнҳои Рӯзи ғалаба дар Маскав иштирок намекунад.