Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Social Truth навишт, ки ин оташбас бо дархости ӯ ва бо мувофиқати Владимир Путин ва Владимир Зеленский, президентҳои Русия ва Украина амалӣ мешавад ва ҳамзамон бо он, ҳазор зиндонӣ аз ҳар ду тараф озод хоҳанд шуд.
Трамп ибрози умедворӣ кард, ки ин оташбас "оғозе барои поёни як ҷанги бисёр тӯлонӣ, хунин ва сахт" бошад.
Ӯ навишт, ки музокирот барои поён додан ба ин даргирӣ, ки онро "бузургтарин даргирӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум" номид, идома дорад ва ба навиштаи ӯ, "мо ҳар рӯз ба он наздиктар мешавем".
ЗЕЛЕНКСИЙ: БА МАСКАВ ҲАМЛА НАМЕКУНЕМ
Владимир Зеленский пас аз эълони Доналд Трамп гуфт, ки оташбас бо Русия аз 9 то 11 май "бояд барқарор шавад" ва Киев чароғи сабзи Маскаваро барои мубодилаи зиндониён дарёфт кардааст.
Ӯ гуфт, ба нерӯҳои низомӣ дастур додааст, ки дар ҷараёни парад ё гузашти низомии Рӯзи Ғалаба дар 9 май, ба Майдони Сурх дар Маскав, ҳамла накунанд.
Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия низ бо нашри баёнияе эълон кард, ки Русия бо оташбаси серӯза ва табодули зиндониён мувофиқат кардааст.
Омодагӣ ба маросими Рӯзи Ғалаба дар Маскав.
Рӯзи шанбе, 9 май дар Майдони Сурхи Маскав маросими "Рӯзи Ғалаба" ба муносибати солгарди поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бо баргузории парад ё гузашти нерӯҳои мусаллаҳи Русия доир мешавад.
Пештар Маскав ба таври якҷониба эълон карда буд, ки як оташбаси дурӯзаро ба муносибати ин рӯз, дар ҷанг бо Украина ба иҷро медарорад.
Украина дар вокуниш эълон карда буд, ки ин кишвар низ пешниҳоди оташбас додааст, аммо Маскав бо идомаи ҳамлаҳояш ин пешниҳодро нодида гирифтааст.
Украина пештар аз эҳтимоли ҳамла ба маросими Рӯзи Ғалаба дар Маскав хабар дода буд, аммо дар пайи барқарории оташбас, Владимир Зеленский бо имзои як дастур, анҷоми ин ҳамларо бекор кард.
ҲАМЛАҲО БА ЯКДИГАР
Чанд соат пеш аз эълони Доналд Трамп дар бораи барқарории оташбас, ҷонибҳо якдигарро ба ҳамла ба тарафи дигар, муттаҳам карданд.
Ҷониби Русия гуфт, ки бар асари ҳамлаҳои Украина кори фурудгоҳҳои Астрахан, Владикавказ, Волгоград, Гелендҷик, Грозний, Краснодар, Махачқалъа, Магас, Минералние Водий, Налчик, Сочи, Ставропол ва Элиста муваққатан маҳдуд шуд. Дертар хабар расид, ки дар кори фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳам мушкил пеш омадааст.
Нерӯҳои ҳавоии Украина ҳам рӯзи 8 май гузориш доданд, ки шаби пеш Русия бо 67 паҳбод ба ин кишвар ҳамла кардааст. Ба гузориши мақомоти Украина, дар ин ҳамлаҳо ба шарқи ин кишвар, чандин нафар захмӣ шуданд.
ҲУЗУРИ КАМРАНГИ МЕҲМОНИ ХОРИҶӢ
Дар даврони раҳбарии Путин, таҷлили Рӯзи Ғалаба ба яке аз муҳимтарин рӯёдодҳои сол табдил шудааст. Ҷашне бошукӯҳ аз таърихи низомии Шӯравӣ ва Русия, ва ҳамчунин ҷанги ҷории Русия дар Украина.
Бо ин ҳол, имсол тибқи гузоришҳо, таҷҳизоти низомӣ дар ин парад ҳузур нахоҳад дошт ва то кунун интизор меравад танҳо ҳудуди 10 мақоми баландпоя, аз ҷумла, муттаҳиди қадимаи Путин, Александ Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, дар ин маросим иштирок кунад.
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, аз ҷумлаи меҳмони маросими Рӯзи Ғалаба дар Маскав мебошад.
Рӯзи 8 май Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ҳузури президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаевро дар маросими Рӯзи Ғалаба дар Маскав тасдиқ кард. Узбекистон ҳам эълон кард, президент Шавкат Мирзиёев дар ин маросим ширкат хоҳад кард.
Ба гуфтаи Зеленский, бархе аз раҳбарон бо Киев тамос гирифтаанд ва гуфтаанд, ки мақомоти онҳо ният доранд дар гузашти низомӣ дар Маскав иштирок кунанд.
Дар оғози ҳафта Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия эълон карда буд, ки бинобар "вазъияти амалиётии нисбатан печида", аз "таҳдидҳои террористӣ", ки сарчашмаи он Украина аст, иқдомоти бештаре дар ҳоли ҳоли анҷом аст.