Рӯзи Ғалаба дастрасӣ ба интернет дар Маскав маҳдуд мешавад

Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Русия расман тасдиқ карданд, ки рӯзи 9-уми май дастрасӣ ба интернети мобилӣ дар шаҳри Маскав пурра маҳдуд карда мешавад.

Вазорати рушди рақамии Русия дар хабарномае навишт, бо мақсади таъмини амнияти чорабиниҳои идона, дастрасӣ ба интернети мобилӣ ва ирсоли паёмак ё SMS дар Маскав муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Дар иттилоияи расмӣ ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар сурати пайдо шудани таҳдидҳо дар пойтахти Русия, рӯзҳои 7 ва 8-уми май низ мумкин аст интернет "ба таври фаврӣ" маҳдуд карда шавад.

Ширкатҳои мухобиротӣ ҳанӯз аз 4 май ба муштариён дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ҳушдор дода буданд, ки аз 5 то 9-уми май мумкин аст иртиботи мобилӣ маҳдуд шавад.

Вазорати дифои Русия рӯзи 4-уми май аз оташбаси якҷониба барои рӯзҳои 8–9 май хабар дод. Президенти Украина Владимир Зеленский муҳлати оташбасро 6-уми май таъйин кард, ки ба гуфтаи Киев, аз ҷониби Русия нақз шуд.

Шаби 7-уми май Русия мавриди ҳамлаи густурдаи паҳподҳо қарор гирифт. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки 347 паҳподи украинӣ нобуд карда шудаанд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, нерӯҳои мудофиаи ҳавоӣ дар болои Маскав беш аз 20 паҳподро сарнагун кардаанд.