Дар се моҳи аввали имсол 6236 соҳибкор аз фаъолият даст кашидаанд ва ё ба кори дигаре машғул шудаанд. Дар ин бора Оҷонсии омор хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз шумори умумии соҳибкороне, ки корашонро бас карданд, 5400 нафарашон соҳибкорони инфиродӣ ва 800 каси дигар соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ буданд.
Мақомот дар бораи сабабҳои қатъи кори беш аз 6200 соҳибкор дар се моҳ чизе нагуфтаанд.
Баъзе соҳибкорон пештар тафтишҳои зиёд ва баланд будани сатҳи молиёт ё андозро аз сабабҳои асосии қатъи фаъолият медонанд.
Мақомот, аз ҷумла намояндагони Кумитаҳои андоз ва сармоягузорӣ мегӯянд, аксари ин гуна соҳибкорон шева ё тарзи кори худро дигар карданд.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор гузориш додааст, ки дар моҳҳои январ-марти имсол зиёда аз 11 ҳазор "соҳибкори инфиродии навтаъсис бақайд гирифта шудааст".
Фазои номусоиди соҳибкорӣ ва мизони баланди андозҳо аз мушкилиҳоеянд, ки пайваста дар доираи тоҷирону коршиносон садо медиҳад.