Ҷасади Шаҳбоз пас аз 10 рӯз аз марзи Узбекистон пайдо шуд

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода.

Ҷасади Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, як сарбози Вазорати мудофеаи Тоҷикистон, ки 10 рӯз пеш худро ба дарёи Кофарниҳон партофта буд, аз марзи Узбекистон пайдо шудааст.

Яке аз наздикони ин хонавода рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади Шаҳбоз имрӯз дар марзи Регар бо вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсоя пайдо шуд.

Ба гуфта ӯ, тобути Шаҳбозро падараш тавассути қаламрави Узбекистон ба Тоҷикистон овард. Ҷасадро имрӯз дар шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, ба хок супурдаанд.

Ин сарбози 23-сола рӯзи 27-уми апрел худро ба дарё партофт. Қурбонгул Ашурова, модари Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода рӯзи 29-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш пеш аз оне, ки худро ба об афканад, ба ӯ занг зада буд. Ӯ ба модараш гуфтааст, агар хатое карда бошад, узр мехоҳад.

Ҳанӯз сабабҳои марги ӯ маълум нест. Як манбаи огоҳ аз тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, ду фарзия; бадрафторӣ дар қисми ҳарбӣ ва мушкили хонаводагӣ ҳамчун сабабҳои эҳтимолии даст ба худкушӣ задани сарбоз таҳқиқ мешаванд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар канори Душанбе хизмат мекард ва барои даҳ рӯз рухсатӣ гирифта, ба хонаашон дар ноҳияи Файзобод рафта буд.

Ин сарбоз 28-уми апрел мебоист ба маҳалли хидматаш бармегашт, аммо як рӯз пеш бо баҳонаи ороиши мӯйи сар аз хона баромада ба шаҳри Ваҳдат омад ва худро ба рӯдхона партофт.

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода соле пеш издивоҷ карда, як тифли панҷмоҳа дорад.

Маргумири сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон моҳи апрел доғ шуд. Дар як моҳи ахир ҳадди ақал марги се сарбоз расонаӣ шуд.

Ба дунболи ин, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ, хост, масъалаи тартибу низом дар воҳидҳои низомиро бисёр ҷиддӣ бигиранд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 4-уми май гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамчунин "рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ" баррасӣ шудааст.

Ҷузъиёти дигареро аз нишаст нагуфтаанд, вале зоҳиран марги пурсарусадои се сарбоз дар моҳи апрел сабаби матраҳ шудани масъалаи бадрафторӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон шудааст.

Наздикони бархе аз ин сарбозон аз шароити нохуб дар қисмҳои ҳарбӣ ва озори сарбозон шикоят карданд. Мақомот мегӯянд, вазъ дар қиёс ба солҳои пеш беҳтар шудааст, аммо хабарҳои ахир ин иддаоро зери суол мебаранд.