Расонаҳо: Ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯи афғон аз вилояти Суғд

Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, мақомоти тоҷик даҳҳо паноҳҷӯи афғонро аз ноҳияи Ҷаббор Расулов берун кардаанд.

Шабакаи "Афғонистон интернешнл" 4-уми май бо нашри навори ихроҷи муҳоҷирон гуфт, ҳудуди 250 муҳоҷири афғонистониро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд ва онҳо ба хатари ихроҷ ба Афғонистон рубарӯ ҳастанд.

Ба қавли манбаъ, ин муҳоҷирон корти паноҳандагии Созмони Милали Муттаҳидро доштанд.

Муҳоҷирони афғонистонӣ дар наворе мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон симкортҳои онҳоро гирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагии Созмони Милал то кунун вазъиятро шарҳ надодаанд.

Шикоят аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо иттиҳоми куштор хабар дод.

Ба иттилои расмӣ, ин ҷавони 22-сола ба он муттаҳам мешавад, ки як зани 29-соларо дар шаҳри Хуҷанд ба қатл расондааст.

Назари пайвандони ҷавон ба ин иттиҳоми маълум нест.

Ва низ маълум нест, ки ихроҷи паноҳандагони афғон дар вилояти Суғд ба ин ҳодиса рабт дорад ё не?

Соли гузашта мақомоти тоҷик чанд дафъа паноҳандагони афғонистониро аз қаламрави кишвар ихроҷ карда буданд.

Мақомот дар шарҳи ин тасмими худ аз ҷумла, гуфта буданд, ки муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бархе аз онҳо "ғайриқонунӣ" вориди кишвар шудааанд ва шуморе аз онҳо "низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд".

Дар гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки паноҳҷӯёни афғонистониро ихроҷ накунанд, зеро эҳтимол дорад дар кишварашон бо озору азият рӯбарӯ шаванд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 9 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ ба сар мебаранд, ки аксарашон дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд.