Мошинҳои калон ва гаронвазни боркаш дар Тоҷикистон акнун бештар шабона ҳаракат хоҳанд кард.
Аз 1 май ҳаракати онҳо дар ҳоли беш аз 25 дараҷа гарм шудани ҳаво аз соати 10-и саҳар то ҳашти шом манъ мешавад.
Мақомот гуфтаанд, ин маҳдудият аз 1 май то 31-уми август давом хоҳад кард.
Мошинҳои гаронвазн ба он боркашҳое гуфта мешавад, ки вазни онҳо аз 6 тонна зиёд бошад.
Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт ба ронандагон ҳушдор додааст, ки дар сурати вайрон кардани ин қоида ҷарима хоҳанд шуд.
Барои риоя накардани ин маҳдудият аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3900-5460 сомонӣ) ҷарима таъйин шудааст.
Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин тасмим, пешгирӣ аз вайроншавии роҳҳо зери бори вазнин дар ҳавои гарм аст.
Маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои кишвар ҳамасола дар фасли гармо амалӣ мегардад.
Ронандаҳо гоҳе шикоят кардаанд, ки ин қарор баъзан сабаби ҳолатҳои коррупсионӣ гаштааст.