Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари боронгариҳои сахти шоми 2 май ва субҳи 3 май ва омадани сел, даҳҳо хона дар минтақаҳои гуногуни ҷануби кишвар осеб дида, ба роҳҳо ва киштзорҳо осеб расидааст.
Ба иттилои КҲФ, аз ҷумла, субҳи 3 май дар ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон замин фурӯ рафтааст. Дар натиҷа як хонаи истиқоматӣ пурра фурӯ рафта, анбори нигаҳдории ангиштсанги як мактаб зарар дидааст. Ҳамчунин 9 хонаи истиқоматӣ ва як бунгоҳи тиббӣ зери хатари фурӯравӣ қарор гирифтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин мегӯяд, ки шоми 2 май бар асари фаромадани сел дар деҳаи Фурқати ҷамоати Дустии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ як канал ба масофаи 100 метр рахна шуда, 50 метр роҳи мошингузари маҳаллӣ фурӯ рафтааст. Ҳамчунин 7 хонаи истиқоматӣ дар маърази хатар қарор гирифтаанд ва 7 хонаводаи дигар ба ҷойҳои амн интиқол дода шудаанд.
Видеоро инҷо бинед:
Дар ноҳияи Панҷ ҳам субҳи 3 май сел ба заминҳои кишоварзӣ зарар расонидааст.
Тоҷикистон рӯзи 30 апрел ба ин тараф шоҳиди боронгариҳои сахт мебошад. Дар рӯзҳои гузашта боронгариҳо ва омадани сел дар Тоҷикистон талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.
Аз ҷумла, ба дунболи омадани сели рӯзи 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Мақомот мегӯянд, 450 кӯдак ва пиронсолро дар Кӯлоб ба ҷойи бехавф бурдаанд.
Рӯзи 30-юми апрел баъди боридани борони зиёд муассисаҳо, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ аз обу лойқа пур шудаанд. Аз ҷумла, ба таҳхонаи чандин манзил дар Душанбе об даромада, сокинон аз барқ ва оби ошомиданӣ маҳрум шуданд.
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.