Ҳабси як сокини Ваҳдат "барои ирсоли пул" ба муассиси "Ислоҳ.нет"

Муҳаммадиқболи Садриддин, муассиси вебсайти "Ислоҳ".

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як муҳоҷири собиқро бо иттиҳоми фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумат ба 13 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Додгоҳ 25-уми апрел ҷузъиёти ин ҳукмро нашр кард.

Назари фарди маҳкумшуда, ки 39-сола ва сокини ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат будааст, ба ҳукм маълум нест.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ин шахс соли 2023 ҳангоми дар Русия буданаш ҳафт маротиба ба миқдори умумии 17 ҳазору 500 рубл ба Муҳаммадиқболи Садриддин маблағ фиристодааст.

Додгоҳ ин мардро ҳамчунин ба он гунаҳкор кардааст, ки аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, ҷонибдорӣ кардааст.

Додгоҳ ин муҳоҷирро бар асоси моддаи 179 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ маҳкум кардааст, ки такроран маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро пешбинӣ мекунад.

Созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо борҳо иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон дар бораи гуруҳи террористӣ будани худро рад кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони пешинро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ" боздошт ва зиндонӣ мекунанд.

Моҳи майи соли 2025 мақомоти интизомии Кӯлоб 24 нафарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин дастгир карда буданд.

Манобеи Радиои Озодӣ он вақт гуфта буданд, "Сбербанк"-и Русия ба мақомоти Тоҷикистон рӯйхати афродеро додааст, ки аз Русия барои Муҳаммадиқболи Садриддин маблағ фиристодаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин он вақт дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки интиқоли маблағ ба ҳисоби "Ислоҳнет"-ро рад намекунад, вале таъкид мекунад, ки ҳеч нафареро, ки ба ҳисобаш пул фиристодаанд, дастгир накардаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин муқими Аврупо ва муассиси вебсайти "Ислоҳ" аст, ки саҳифаҳои ӯро Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва ифротӣ эълон кардааст ва ба зидди худаш ҳам дар Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароии исломӣ парванда боз кардаанд. Худаш тамоми ин иттиҳомотро рад мекунад.