Русия мехоҳад ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро зиёд кунад

Мақомоти Русия мехоҳанд, ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро 12 баробар зиёд кунанд.

Хабаргузории РКБ аз қавли манобеаш навиштааст, лоиҳаи ин қонунро ҳукумат дастгирӣ кардааст.

Тибқи ин ислоҳот, аз ҷумла, гирифтани шаҳрвандии Русия ё баромадан аз он аз 4 ҳазор рубл ба 50 ҳазор рубл зиёд мешавад.

Нархи иҷозати истиқомати муваққат ҳам аз 1920 рубл ба 15 ҳазор рубл афзоиш хоҳад ёфт. Дар сурати қабули ин қонун, арзиши иҷозаи доимӣ то 30 ҳазор рубл мешавад. Феълан арзиши ин ҳуҷҷат 6 ҳазор рубл аст.

Лоиҳаи қонун пешбинӣ мекунад, ки шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, иштирокчиёни барномаи кӯчонидан (переселение) ва онҳое, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина иштирок доранд, аз пардохти ин боҷҳои давлатӣ озоданд.

Мақомоти Русия мегӯянд, аз тариқи зиёд кардани боҷи давлатӣ барои муҳоҷирон, мехоҳанд хароҷот барои гузарондани санҷишҳоро рӯйпӯш кунанд.

Баъзе вакилони Думаи давлатӣ, аз ҷумла Константин Затулин гуфтааст, ин сахтгириҳо ба бозори меҳнат ва муносибати Русия бо кишварҳои дигар зарар мерасонанд.

Ба гуфтаи ин вакили порлумони Русия, бо зиёд шудани боҷи давлатӣ, муҳоҷирон қариб тамоми маоши худро барои ҳуҷҷатҳо сарф мекунанд ва ин ҳолат метавонад боиси афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ шавад.

Баъди соли 2024 Русия барои муҳоҷирон даҳҳо қонуни сахтгирона ҷорӣ кард, ки кору зиндагии муҳоҷиронро сахту душвор кардааст.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз афзоиши фишорҳои бесобиқа дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик низ мегӯянд, ки зиндагӣ ва кор дар ин кишвар ҳар рӯз мушкилтар мешавад.

Дар Тоҷикистон, ки бештар аз 10 миллион аҳолӣ дорад, дарёфти кору маоши муносиб осон нест ва ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷир ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ин омор эътироз накард, вале ӯ соли 2022 гуфта буд, ки Тоҷикистон ин қадар муҳоҷири корӣ надорад.