Намояндагони ҳукумати Толибон ва мақомоти Тоҷикистон мавзӯи бозкушоии консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистонро баҳс кардаанд.
Ба гузориши расонаи Афғонистон, аз ҷумла, "Пажвок" ва Afghanistan International, ин мавзӯъ ахиран дар дидори намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ва волии вилояти Бадахшони Афғонистон баррасӣ шудааст.
Дар ин дидор, ки ҳафтаи гузашта анҷом шуд, ду тараф ҳамчунин дар бораи равобити тиҷоратӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла тақвияти бозорҳои марзӣ ва беҳтар кардани назорати сарҳади давлатӣ гап задаанд. Маълум нест, ки ҷонибҳо ба чӣ хулоса расидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин дидор ва натиҷаи он расман хабар надодаанд.
Тоҷикистон моҳи августи соли 2021 консулгариашро дар вилояти Бадахшони Афғонистон муваққатан баст. Ин кор замоне анҷом шуд, ки Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд.
Тоҷикистон то кунун ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст ва сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ихтиёри сафири ҳукумати пешини Кобул қарор дорад.
Тоҷикистон аз замони ба қудрат баргаштани "Толибон" дар Афғонистон дар баробари ин гурӯҳ мавқеъгирии шадид дошт ва дар моҳҳои охир ин робитаҳо рӯ ба гармӣ овардааст.