Як таҳлил дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки аксаран ноболиғоне даст ба ҷиноят мезананд, ки аз таҳсил дур мондаанд.
Бино ба гузориши Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, аз 842 наврасе, ки соли гузашта ҷиноят содир кардаанд, беш аз 500 нафар онҳое будаанд, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд.
Дар ин гузориш, ки соли равон нашр шуд, Ваколатдор бо такя ба омори Вазорати корҳои дохилӣ аз афзоиши ҷинояткории наврасон хабар дода, вазъро нигаронкунанда хондааст.
Ба таъкиди ӯ, дур мондани кӯдакон аз мактаб хатари ҷинояткорӣ дар миёни онҳоро бештар мекунад. Дар гузориш мисоли мушаххасе оварда нашудааст, аммо мақомот пайваста аз кордкашиву занозан ва дуздии наврасон хабар медиҳанд.
Омбудсмен ҳамчунин ҷинояткорӣ нисбати ноболиғонро ҳам ташвишовар хонда, гуфтааст, дар ин давра нисбати наврасон 1440 ҷиноят, аз ҷумла одамкушӣ, таҷовуз ба номус ва ҳаракатҳои бадахлоқона, содир шудааст.
Нигаронии ваколатдори ҳуқуқи кӯдак аз дур мондани ноболиғон аз таҳсил дар ҳолест, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон ин мавзӯъро ҳалшуда хонда, гуфта буд, кӯдакон пурра ба мактаб фаро гирифта шудаанд.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла, ЮНИСЕФ дар солҳои гузашта борҳо мавзӯи канор мондани наврасони тоҷик аз таҳсилро матраҳ карда буданд.