Се ҳафта баъдаш дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Сафаргул Давлатова, модари духтарони кушташуда саҳнаи ошкор шудани ҷасади фарзандонашро чунин нақл кард:
“Чароғро рӯшан кардаму дидам, ки духтарҳо ҳама таги хунанд. Зӯҳрора дидам, ки тамом кардаст. Таҳмина то омадани ёрии таъҷилӣ бо ман гап зад, ки «оча, дард дорад». Гуфтам, «хонаам сӯхт, бачам. Кӣ шуморо ин хел кард? Гуфт, «очаҷон, як кепкасиёҳ дидам, ки ба Рустам монанд аст». Ёрии таъҷилӣ дер омад, ним соат пас омад ва кӯдаконамро бароварданд. Дигар намедонам чӣ гап гузашт.”
Бо гумони қатли бераҳмонаи духтарон Валӣ Сафаралӣ, домоди ин оила ва шавҳари Зӯҳро Қурбоноваи 28-соларо боздошт карданд. Ба нақли волидон, Зӯҳро баъди як латтукӯби навбатии шавҳар ба хонаи падар баргашта, талош дошт тариқи додгоҳ ҷудо шавад.
Дар аризаи худ ба Додгоҳ зан сабаби ин тасмимашро кӯтоҳ “мувофиқ наомадани хислатҳо...” гуфтааст. Вале наздикон мегӯянд, ӯ борҳо зери мушту лагади мард қарор гирифта, таҳдид ба қатл шудааст. Ӯро ҳатто дар хонаи волидонаш омада, латтукӯб мекардааст. Вай ба наздиконаш гуфтааст, шавҳараш баробари задан таҳдид мекардааст, ки “агар овоз барорад, ӯро мекушад”.
Аз як чунин ҳодиса модараш Сафаргул Давлатова чунин ёдовар шуд: “Саҳар хестам. Сумкаи домод дар пушташ, хеста меравад, духтарчаам гиря кардагӣ, нороҳат. Гуфтам, «чӣ кор кардӣ?», гуфт “оча, ин аҳволи маро бин”. Ман модарам, мебинам, месӯзам охир. Куртааш дарида буд, гарданашро буғӣ карда буд, лабу даҳонаш задагӣ - ҳама сиёҳу кабуд, дар сар задагӣ, танаш сиёҳу кабуд. Гуфтам, «бачам, ҳозир ман бигӯям, ки зиндагӣ накун, мегӯйӣ, ки «очам маро мегӯяд, зиндагӣ накун».
Волидон мегӯянд, бо ин андеша, ки хонаи духтарашон дубора вайрону кӯдакон ятим нашаванд, дахолат накарданд. Мавқеи ҷониби мард ба ин гуфтаҳо маълум нест ва ҳодисаи қатли Зӯҳро ва хоҳарашро додситонии Кӯлоб таҳқиқ дорад.
Таҳдидро ҷиддӣ нагирифтанд
Ду фарзанди хурдсоли Зӯҳро баъди фоҷеа дар тарбияи дугоники модарашон - Фотима монданд. Коре, ки ба гуфтаи таҳлилгарон имкон буд аз он пешгирӣ кард ва агар таҳдидҳо ҷиддӣ гирифта мешуд, шояд кор бо фоҷеа анҷом намеёфт.
Ҳуқуқшинос Дилафрӯз Самадова мегӯяд, ҳама гуна таҳдид ба қатлу куштор дар хонаводаро бояд ҷиддӣ гирифт, то аз ҷиноят ва фоҷеа пешгирӣ шавад.
“Дар ҳолати ҷой доштани таҳдиди куштан сад дар сад ва бояд зуд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба шӯъбаи корҳои дохилии ҷойи зист бо ариза муроҷиат ва арз кардан зарур аст. Зеро таҳдиди куштор ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. Дар ҳолате, ки дар оғози чунин кирдорҳои ҷиоятӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад, ба миён омадани ин оқибатҳои вазнин, яъне кушторро мешавад пешгирӣ кард.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷузъиёти занкушӣ дар Кӯлоб ва тарс аз як тамоюл
Мақомоти Кумитаи кор бо занон мегӯянд, дар як соли ахир мавридҳои зӯроварӣ ва ҷинояткорӣ алайҳи занон дар кишвар зиёд шудааст.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар моҳи феврали имсол гуфт: “Дар асоси иттилои ВКД, дар давраи ҳисоботӣ 3609 амали зӯроварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2024 - 403 ҳолат зиёд мебошад. Ҷиноят нисбати занон 3423 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2024 - 177 ҳолат зиёд аст. Нисбати ноболиғдухтарон 288 ҳолати ҷиноятсодиркунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 80 ҳолат зиёд аст. ”
Дақиқ нест, ки чанд ҳолати он ба куштори занон вобаста аст, аммо мақомоти интизомӣ пайваста аз марги занон бо дасти шавҳаронашон дар пайи муноқишаҳои оилавӣ гузориш медиҳанд.
Вақте сабр бар зарар аст?
Як сабаби сари вақт чораандешӣ ва шунида нашудани садои занон, ба гуфтаи Самадова, ин вуҷуди қолабҳои шахшуда аст, ки аз зан талаб мекунад, дар ҳар ҳолат, ҳатто зери мушту лагад ва таҳдид бояд сабр ва оилаи худро ҳифз кунад.
“Вале бояд гуфт, ки ин қолаби шахшуда ба қонунгузориҳои амалкунандаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба сарқонун ва Кодекси оилаву дигар қонунҳои соҳавӣ пурра зид мебошанду мухолифат мекунад, - мегӯяд ҳуқуқшинос. - Тавре муттахассисони соҳа мегӯянд, занҳое, ки зери хушунат қарор доранд, таҳти таъсири зарбаи руҳиву равонӣ ҳастанд. Аз як тараф онҳо бояд худро ҳимоя кунанд, аз тарафи дигар вазифадоранд, ки оилаи худро нигоҳ кунанд. Чунин ҳолати душвор барои ҳимояи манфиати онҳо монеа эҷод мекунад. Маҳз чунин занҳо ба ҳимояи наздикон мӯҳтоҷ мебошанд.”
Дар натиҷа, як вазъияти сарбаста ба миён меояд.
“Мегӯянд, мушкилиро аз доираи оила набарор ё мушкили дохили оила аст, аммо вақте мушкили бевосита ба силсилаҷазоҳо табдил меёбад ин ҷиноят аст ва дигар бояд роҳи ҳаллашро ёбанд, - гуфт ҷомеашинос Беҳрӯ Насурова. Вақте дар оила роҳҳал намеёбанд бояд масъулон чораандешӣ кунанд, то кор ба куштору худкушӣ нарасад.”
Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, беҷазо мондани омилони зӯроварӣ дар оила ё бо ҷаримаи ночиз озод шудани онҳо аз омилҳои дигари такрор шудани зӯроварӣ ва бо фоҷеа анҷом ёфтани он мешавад.
Мисли қазияи зани кушташуда дар ноҳияи Абдурамони Ҷомӣ, ки ба гуфтаи пайвандонаш, то қатл чанд бор аз бадрафтории шавҳар ба мақомот шикоят бурд, аммо касе ба додаш нарасид.
Шаҳриниссо, духтари зани кушташуда дар бораи фоҷеа дар хонадони волидонаш гуфт: “ Як бор гулӯяшро зер кард, дар болояш курпаҳоро чаппа кард, ки «мекушамат!». Очаам рафта ариза кард, ҳатто модарам рафта аз духтур гузашт, ҳама ҳуҷҷатҳоро гирифта ба шӯъба бурд, аммо ҳеҷ чорае дида нашуд”.
Кумитаи маҳви табъизи занон дар Созмони Милал дар гузорише аз Тоҷикистон интиқод карда буд, ки зӯроварӣ ва ҷабру зулми зан дар оиларо ҳамоно ҷиноят эътироф накардааст. Ба бовари ҳуқуқдонҳо бо қабули ин қонун ва сари вақт ба ҷавобгарӣ кашидани хушунатгарон, мумкин аст аз пайомади бади ҷанҷолҳои оилавӣ ва хушунат то ҷое пешгирӣ кард.