Тоҷикистон мехоҳад, ду миллиард дарахт нишонад

Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Дар Тоҷикистон мехоҳанд, то соли 2040 ҳудуди 2 млрд дарахт нишонанд. Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи 23 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Саммити минтақаии экологӣ, хабар дод.

Вай гуфт, пиряхҳо дар Тоҷикистон бо суръат об мешаванд, ҳаво гармтар ва олудатар мешавад, хушкӣ бештар мегардад. Барои пешгирӣ аз оқибатҳои ин тағйирёбӣ, дар Тоҷикистон ин теъдод дарахтро менишонанд.

Мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар нишасти Остона гуфтанд, нишондани дарахт аз соли 2024 шуруъ шудааст ва то соли 2040 идома хоҳад кард.

Дар нишасти минтақавӣ, ки дар шаҳри Остона 22 апрел шуруъ шуда ва имрӯз, 24 апрел ба поён мерасад, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои ҳифзи муҳити зисти минтақавиву байналхалқӣ ва коршиносон ширкат карданд.

Дар ин нишаст масоили ташкили сиёсати муштарак барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари об ва муҳофизати олами набототу ҳайвоноти минтақа баррасӣ шуд.

Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар чанд соли гузашта сари тақсими об дар минтақа баҳсҳои зиёде доштанд.

Агарчӣ баҳсҳо фурӯ нишастаанд, вале ихтилофоти назар боқӣ мондааст ва аз тарафи дигар, сиёсатҳои худи ҳукуматҳо мушкилоти зиёди зистмуҳитӣ, аз қабили норасоии об, табоҳшавии замин, коҳиши ҷангалзорҳоро ба вуҷуд овардааст.