Бонки Ҷаҳонӣ шеваи ёриҳои фаврӣ ба Тоҷикистонро тасдиқ кард

Бонки Ҷаҳонӣ роҳкори вокуниши фаврӣ ба мушкилоти ногаҳонӣ ва бӯҳронии Тоҷикистонро муайян кард, ки ҳадафи он “расонидани кумаки зудҳангоми молиявӣ ба ҳукумат дар ҳолатҳои фавқулода” номида шудааст.

Дар ин бора намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода, гуфтааст, ин роҳкор имкон фароҳам меорад, ки то 10 дарсади маблағҳои беэътибор ва тақсимнашуда аз махзани сармоягузории амалкунандаи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишвар ҳамасола барои маблағгузории чораҳои вокуниши фаврӣ равона карда шаванд.

Пас аз эълони расмии вазъияти фавқулода аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, ин барнома метавонад фавран барои таъмини кормандони ёрии аввалия бо таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ, хариди молҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла хӯрокворӣ, об, дорувор ва маводи кишоварзӣ ва инчунин барои расонидани дастгирии таъҷилии рӯзгор ба хонаводаҳои зарардида истифода шавад.

Иҷозаи Бонки Ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ маблағи муайянеро аз ҳисоби ҷорияш дар ин ниҳол барои истодагарӣ дар баробари буҳрон ба кор барад. Манзур аз “буҳрон” бештар офатҳои табиист, вале ҳамла аз берун, ошӯбу нооромиро низ дар бар мегирад.