Расонаҳои Филиппин аз боздошти ду зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Маравии он кишвар, хабар додаанд.
Бино ба навиштаи вебсайтҳои хабарии GMA News ва Филстар, шаҳрвандони 21 ва 22-солаи Тоҷикистон рӯзи 17 апрел дар пайи як амалиёти муштараки Идораи муҳоҷират ва пулиси ин кишвар, дастгир шуданд.
Аз онҳо Ҷомӣ Сафаров ва Абубакр Алимов ном бурда шудаааст ва бино ба ин гузоришҳо, онҳо чанд ҳафта боз дар шаҳри Марави иқомат доштаанд.
Мақомоти Филиппин гуфтаанд, ки боздошти ин ду ҷавон дар доираи чорабиниҳои зиддитеррористӣ сурат гирифта, ҳадафи он пешгирии фаъолиятҳои ифротгароӣ аст.
Дар бораи ин ду ҷавон сокинони маҳаллӣ ба мақомот хабар дода, хостори таҳқиқи сафару иқомати онҳо ба Филиппин шудаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин ду ҷавони тоҷик бо чӣ иттиҳоме боздошт шудаанд ва оё ҳузури онҳо дар ин минтақа ба гурӯҳҳои тундрав рабт дорад ё на.
Мақомоти Филиппин гуфтаанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад.
Мавқеи худи ҷавонон ва мақомоти тоҷик дар ин бора маълум нест.
Ва низ маълум нест, ки оё онҳо бо вакили мудофеъ таъмин ҳастанд ё не.