Бозори машҳури фурӯши қолинҳо дар Теҳрон дубора боз шуд

Бо истифода аз оташбаси дуҳафтаӣ байни Амрико ва Эрон, бозори бузурги таърихӣ дар Теҳрон дари худро ба рӯи меҳмонон боз кард.

Аз ҷумла, дӯконҳои фурӯши қолинҳои машҳури форсӣ дубора ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар пасманзари оташбаси "шикананда" байни Амрико ва Эрон, дӯконҳо дубора боз мешаванд.

Саид Муҳаммадӣ, мутахассиси тармими қолинҳо, дар маркази бозор рӯйи яке аз қолинҳои маъруфи эронӣ кор мекунад. Ӯ гуфт, тоҷирон чанде пеш ба дӯконҳои худ баргаштанд, вале дурнамо ҳанӯз номуайян аст.

Як соҳиби дӯкони қолинбофӣ мегӯяд, ки тиҷорат оҳиста аз сар гирифта мешавад ва қисме аз борҳо бо роҳи заминӣ ба Аврупо интиқол меёбанд.

Дар як дӯкони хурд дар ошёнаи дуюми бозор Муҳаммад Оғосӣ ба барқарор кардани рангҳои қолин машғул аст. Ӯ мегӯяд, сарфи назар аз хатари ҷанг, бояд зиндагияшро пеш барад.

Саид Муҳаммадӣ дар таҳхонаи худ ҳарфҳои Оғосиро дар бораи ноустувор будани манбаи даромадашон такрор кард.

Аммо пас аз ноком шудани музокироти Амрикову Эрон дар охири ҳафта, касе намедонад, ки ин оромии нисбӣ то кай идома хоҳад кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бозори фурӯши қолинҳо дар Теҳрон дубора боз шуд