Мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯянд, дар як размоиши низомӣ аз паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин васеъ истифода кардаанд.
Вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст, ки размоиши "Ҳамкорӣ-2026" “бо истифодаи васеи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин" дар шароити кӯҳсор баргузор гардид.
Ин размоиш аз 6 то 10-уми апрел дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон"-и вилояти Хатлон гузашт ва дар он роҳҳои нобуд кардани гурӯҳҳои силоҳбадасти сарҳадшикан дар шароити кӯҳсор тамрин шудааст.
Дар гузориши расмии Вазорати мудофиа омадааст, дар ин тамрин ҳавопаймоҳои бесарнишин барои маълум кардани макони душмани шартӣ ва "разведкаи ҳавоӣ" истифода шудаанд. Маълум нест, ки ин ҳавопаймоҳои бесарнишин аз кадом намуд ҳастанд.
Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар як амалиёт бар зидди қочоқбарони афғонистонӣ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода шудааст.
Гузоришҳо аз хариди ҳавопаймоҳои бесарнишин барои артиши Тоҷикистон солҳои гузашта низ садо дода буд, аммо мақомот ҳеч гоҳ ин хабарҳоро расман тасдиқ ё рад накардаанд.
Аз ҷумла, соли 2022 як мансабдори Қирғизистон гуфта буд, бо вуҷуди мухолифати ин кишвар, Туркия чанд ҳавопаймои бесарнишини "Байрақдор"-ро ба Тоҷикистон додааст.
Соли 2024 Тоҷикистон ва Туркия созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он Душанбе метавонад аз корхонаҳои Туркия таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои бесарнишин харидорӣ кунад.
Расонаҳои Эрон дар моҳи майи соли 2022 гузориш дода буданд, ки Теҳрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймои бесарнишини "Абобил-2" кушодааст. Ҳарчанд дар бораи ин корхона дигар ҳеч гоҳ маълумоте нашр нашуд.