"15 ҳазор сомонӣ гирифт". Боздошти як афсар дар Суғд

Акс аз сомонаи Оҷонсии зидди фасод

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як афсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Сатторзода А "барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват" ва нагузаронидани як даъватшаванда аз комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ, аз наздикони ӯ 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Мақомот гуфтанд, ин афсар бо сӯистифода аз мақоми хизматиаш ин маблағро гирифта, "ба манфиати шахсиаш сарф намуд". Назари Сатторзода А. ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ки ин афсар дар додгоҳ то куҷо ба гуноҳи худ иқрор кардааст.

Боздошти ин корманди комиссариат дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба артиш идома дорад.

Ин бори аввал нест, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ, ки масъули даъвати ҷавонон ба артиш ҳастанд, бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани ришваКорманди комиссариат, ки сабабгори садамаи пурқурбонӣ шуд, даргузашт