Мақомот исрор доранд, ки ин ташаббус ихтиёрӣ ва худҷӯш аст. Аммо тавре дар наворҳо дида мешавад, сокинон пас аз анҷоми кори "хайр" ба назди мизе рафта, худро номнавис мекунанд. Мансабдорон чунин "маъракаи хайрия"-ро дар моҳи март дар гӯшаҳои шаҳри Исфара, аз ҷумла ҷамоатҳои Навгилем ва Чоркӯҳ баргузор кардаанд.
Ба назар мерасад, идеяи баргузории "маъракаҳои хайриявӣ", ки бо тақдими мошину таҷҳизот барои хадамоти коммуналӣ шурӯъ шуд, ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷӯразода тааллуқ дорад. Ӯ моҳи январи имсол ба ин вазифа таъйин гашт. То омадани Ҷӯразода, дар шаҳри Исфара чунин чорабинӣ доир намешуд.
Соҳибкор Саидалӣ Миристоев дар суҳбат бо блогерон исрор варзидааст, ки касе ӯро барои ширкат дар "маъракаи хайриявӣ" маҷбур накардааст. Аммо теъдоде аз мардум ба ин гуфтаҳои соҳибкор бо шубҳа менигаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксарият ба ихтиёрӣ будани ёриҳо бовар надоранд.
Салим Султонзода, фаъоли мухолифини тоҷик дар Аврупо, нақл кард, ки аз кадом роҳ мардумро дар Тоҷикистон барои ширкат дар чунин корҳои хайр маҷбур мекунанд.
"Ба раиси маҳаллаҳо амр медиҳанд, ки пул ҷамъ кунанд. Ӯ ночор хона ба хона меравад, ки пул ҷамъ кунанд. Сокинони маҳаллаву биноҳо ҳам маҷбуранд, ки пул ҷамъ оваранд, чунки як рӯз корашон ба раиси маҳалла ва ё бино меафтад, ки санаде аз ӯ бигиранд. Онгуна, ки медонем, дар Тоҷикистон ришвахорӣ зиёд аст ва раиси маҳалла метавонад ба ӯ бо ҳар баҳонае санади заруриро надиҳад",-афзуд Салим Султонзода.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хайри мардум барои ободӣ, ё дастур аз боло?
Ин фаъоли мухолифин ба он таваҷҷуҳ кардааст, ки "маъракаҳои хайриявӣ" ба рӯзҳои сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба минтақа рост омад. Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки мақомоти маҳаллӣ барои ташкили чорабиниҳо дар остонаи сафари президент аз мардум пул ҷамъ меоранд.
Салим Султонзода мегӯяд, "ҳадафи асосӣ, сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Исфара дар остонаи Наврӯз буд. Барои ҳамин мақомот қарор карданд, ки аз мардум пул ҷамъ биёранд. Сафари раиси ҷумҳур ба ин ё он шаҳр бепул намешавад ва барои буҷаи маҳал вазнин меафтад. Барои ҳамин мақомоти шаҳр гоҳо маҷбур мешаванд, ба мардум соҳибкорону тоҷирон муроҷиат кунанд, ки ба онҳо аз назари молӣ кӯмак кунанд. Ҳамчунин ба мардум ҳам муроҷиат мекунанд, ки саҳми худро гузоранд. Онҳо ҳар сабабро меоранд, аммо ҳадафи асосӣ сафари раиси ҷумҳур аст".
Мақомоти шаҳри Исфара ба мардум дар бораи маблағҳои ҷамъшуда ва дар куҷо сарф кардани он гузориш намедиҳанд.
Нигаронии мунтақидони ҳукумат аз он аст, ки баргузории "маъракаҳои хайриявӣ" дар Исфара метавонад ба мансабдорони минтақаҳои дигар Тоҷикистон ҳам ба истилоҳ "сироят" кунад.