Холид Аш-Шамронӣ сафири нави Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Валид Абдурраҳмон Ар-Рушайдон шуд, ки аз августи соли 2021 то декабри 2025 сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон буд.
Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон эълон кард, ки сафири навтаъйини ин кишвар Холид Аш-Шамронӣ рӯзи 3 апрел дар Душанбе нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супурд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар хабарномае гуфт, ки Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Холид Аш-Шамронӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Душанбе ва Риёз баррасӣ карданд.
Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи ду кишвари арабӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон сафорати худро дорад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо ин кишвари нафтхези арабӣ равобити ҳасана дорад. Арабистони Саудӣ солҳои ахир ба Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмак кардааст.
Аз ҷумла, Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди саудии рушд тобистони соли гузашта барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 100 миллион ва ҳам барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дод.
Як ширкати дигар арабистонӣ бо номи ACWA Power ҳам мехоҳад дар Тоҷикистон истгоҳҳои тавлиди барқи офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунад.
Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ҳамасола ба ҳазорон хонаводаҳои ниёзманди тоҷик сабади ғизо пешниҳод мекунад.
Аз ҷумла, ин марказ аввали соли 2025 ба 7 ҳазор хонаводаи камбизоати Тоҷикистон 490 тонна ёрии башардӯстона дода буд. Ба ҳар хонавода қариб 70 кило орду равған ва лубиёву макарону шакар.
Аммо сифати ин маҳсулот интиқодҳоеро дар пай дошт, ҳарчанд намояндагони Сафорати Арабистон гуфтанд, онҳо пул медиҳанд ва маҳсулотро ширкатҳои тоҷикистонӣ интихоб мекунанд.