Тоҷикистон дар радабандии FIFA се зина поин шуд

Тими миллии футболи Тоҷикистон.

Тими миллии Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки дар сомонаи расмии ин созмони ҷаҳонӣ нашр шудааст, се зина поин шуд ва бо 1221,78 имтиёз дар байни 211 дастаи мунтахаб ҷойгоҳи 103-юмро касб намудааст.

Дар ин феҳрист мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1877,32 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1876,40 имтиёз ҷойи дуюм ва мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1874,81 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шудаанд.

Инчунин ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии Англия, Португалия, Бразилия, Нидерланд, Марокаш, Белгия ва Олмон дохиланд.

Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (32-юм), Русия (36-ум) ва Узбекистон (50-ум) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Арманистон (106-ум), Қирғизистон (107-ум), Қазоқистон (110-ум), Озарбойҷон (124-ум), Эстония (129-ум), Латвия (137-ум), Туркманистон (141-ум), Литва (148-ум) ва Молдова (159-ум) пеш буда, пас аз Украина (32-юм), Русия (36-ум), Узбекистон (50-ум), Гурҷистон (72-юм) ва Беларус (97-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 18-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 18-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 21-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 25-ум) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум мебошад. Феҳристи навбатии FIFA 10-уми июни соли 2026 нашр хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон, ки бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро муқобили мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, дар гурӯҳи “А” бо 14 имтиёз мақоми аввалро касб намуд ва бори дуюм ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳхат гирифт.

Бозии даври охирин дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.

Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳамлагари филиппиниҳо Рафаэл Обермайр дар дақиқаи 19-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро ҳамлагари мизбонон Шериддин Бобоев дар дақиқаи 40-ум зад.

Пас аз натиҷагирии бозии Тоҷикистону Филиппин дар радабандии FIFA Тоҷикистон се зина поин - ба ҷойгоҳи 103-юм фуромад ва Филиппин як зина боло рафт - 135-ум.