Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI соҳилии Осиё иштирок мекунанд

Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои VI соҳилии Осиё бо ширкати беш аз 2000 варзишгар аз 40 кишвари қораи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, аз 20-ум то 30-юми апрели соли равон дар шаҳри Саняи Чин доир мегарданд.

Ба барномаи бозиҳо 14 намуди варзиш шомил аст. Мусобиқот аз рӯи баскетбол (3х3), варзишҳои обӣ (шиноварии озод ва тӯббозӣ дар об), акватлон, варзиши сабуки соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, кабаддии соҳилӣ, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гуштии соҳилӣ, қайиқи дракон, ҷиуҷитсу, заврақронӣ, шӯхпаймоӣ ва текбол баргузор мешаванд.

Варзишгарони тоҷик дар риштаҳои баскетбол (3х3), футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гуштии соҳилӣ ва ҷиуҷитсу барои дарёфти медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Бояд зикр намуд, Бозиҳои соҳилии Осиё бори охир соли 2016 баргузор шуда буданд. Он замон мусобиқот дар шаҳри Дананги Ветнам доир гардида буд. Ҳамакнун пас аз танаффуси тӯлонӣ ин чорабинии муҳими варзишӣ бори шашум роҳандозӣ мешавад.

Бозиҳои соҳилии Осиё, ки бори аввал соли 2008 дар шаҳри Балии Индонезия доир гардиданд, дар ҳар ду сол баргузор мешуданд. Саня аввалин шаҳре нест, ки дар Чин ин мусобиқаро мизбонӣ хоҳад кард. Соли 2012 бозиҳо дар шаҳри Ҳайяни музофоти Шандун дар шарқи Чин доир гашта буданд.

Бозиҳои соҳилии Осиё, инчунин дар Масқати Умон (2010) ва Пҳукети Тайланд (2014) баргузор шудаанд.