Мақомоти расмӣ ин фарзияро рад мекунанд ва бовар доранд, ки ин беморӣ чандон хатарзо нест. Аммо вазъ дар Русия, ки он ҷо чорвоҳои сироятёфтаро дастҷамъона месӯзонанд, нигарониҳои чорводоронро бештар кардааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори як сокини Узбекистон паҳн шудааст, ки дар он мегӯяд, беш аз як ҳафта боз чорвояш бемор аст. Аҳволи чорпои ҳамсояҳояш ҳам чунин будааст. Мард аз мақомот хостааст, дар ин кишвар карантин ҷорӣ кунанд.
"Мо мехоҳем, ки бозори чорво дар минтақа муваққатан баста шавад. Чорвопарварон бояд ҷамъ шуда, карантин ҷорӣ кунанд. Дар акси ҳол вазъ бадтар мешавад. Ҳоло мардум аз тарс говҳои бемори худро фурӯхта истодаанд ва ин сабаби сироят ва талаф ёфтани чорвоҳои солим мешавад".
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, чорвои бемор аз намуди зоҳирияш маълум аст. Обравӣ аз биниву даҳон ва захму обилаҳо дар бадани ҷонварон аз нишонаҳои сироят ёфтани он будааст. Вале табибони ҳайвонот кӯшиш доранд, чорвопарваронро ором кунанд ва мегӯянд, ин беморӣ чандон хатарнок нест. Нашрияи kun.uz дар Узбекистон изҳороти намояндаи Идораи бойтории минтақаро нашр кард.
Аскаралӣ Ғозиев, мудири Озмоишгоҳи вирусологӣ мегӯяд, "бо омадани баҳор бузу гӯсфандон ба норасоии витамин ё авитаминоз гирифтор мешаванд. Дар фермаҳо онҳо моддаҳои ғизоии заруриро намегиранд. Дар баъзе ҳолатҳо ин метавонад сабаби гирифторӣ ба бемории узвҳои ҳозима шавад. Гоҳе ҳам бо сабаби он, ки чорвоҳоро дар кӯҳҳо мечаронанд, дар ковокии даҳони онҳо захм пайдо мешаванд. Инҳо аллакай нишонаҳои стоматит ҳастанд".
Аммо корбарон ба ин фарзия чандон бовар надоранд. Аксарият меандешанд, ки дар минтақа бемории гузарандаи сумдард хуруҷ кардааст ва мақомот талош доранд ин воқеиятро рӯйпӯш кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нигаронии чорводорон аз хуруҷи бемории "сумдард"
Аз оғози моҳи март дар як деҳаи вилояти Новосибирск дар Русия бойторон чорвоҳоро барои нобуд кардан аз соҳибонашон мегиранд. Сабабро хатари паҳншавии бемории сироятии патереллёз мегӯянд, ки он бо антибиотик табобат меёфтааст. Ба сокинон ягон ҳуҷҷат дар бораи вуҷуди ин беморӣ пениҳод нашудааст. Онҳо маҷбур шудаанд ба ҳарфи мақомот бовар кунанд. Шахсони норозӣ боздошт мешудаанд.
Чорводорон дар Қирғизистон ҳам аз мавридҳои зиёди сироятёбии чорвоҳои худ ба бемории сумдард хабар медиҳанд.
Қубаничбек Самаков, вакили порлумони Қирғизистон мегӯяд, "дар ноҳияҳои Нарин ва Ат Башинск беморӣ босуръат паҳн мешавад. Намедонам, чаро Вазорати кишоварзӣ иддао дорад, ки ягон ҳолати сирёятёбӣ ба сумдард сабт нашудааст. Ҳар рӯз то 200-300 занг ворид мешавад. Ин масъалаи амнияти озуқаворӣ аст. Агар ҳоло онро пешгирӣ накунем, фардо нархи гӯшт то ду ҳазор сом боло меравад, чунки мардум аз ноилоҷӣ чорвои худро забҳ мекунанд”.
Бо вуҷуди ҳушдорҳои ин вакили мардумӣ дар Қирғизистон, Вазорати кишоварзии он кишвар ором ба назар мерасад. Намояндаи ин вазорат гуфтааст, ягон ҳолати сироятёбии ҷонварон ба сумдард ошкор нашуд. Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон ваксиназании сартосарии чорво бар зидди бемории сумдард оғоз шудааст. Ин маърака пеш аз ҳама минтақаҳои ҳаммарз бо Русияро фаро мегирад.
Кирилл Павлов, муассиси саҳифаи "ФБРК" дар Телеграм мегӯяд, "вақте дар боло беназмӣ аст, тартибу низомро дар поин набояд умедвор шуд. Ҳоло, бале, мо боз оташро хомӯш мекунем. Даста-даста пул мерезем. Ҳоло ба эмкунии чорвоҳо дар минтақаҳои наздимарзӣ шуруъ кардем. Вале инро бояд пештар ва пайваста мекардем.”
Кирилл Павлов аз омодагии сусти бахши бойтории Қазоқистон танқид карда, гуфт, муҷаҳҳаз набудани озмоишгоҳҳои деҳот бо таҷҳизоти зарурӣ ва маоши пасти кормандон, соҳаро фалаҷ кардааст. Пештар Вазорати кишоварзии Қазоқистон овардани чорворо аз Русия маҳдуд карда буд.
Дар як сӯҳбати охири худ, муовини сарвазири Қазоқистон гуфт, ҳукумат барои харидани ваксинаи бештар зидди бемории сироятии чорво омода аст. Ва агар буҷаи давлат кофӣ набошад, ба гуфтаи ӯ, бояд озмоишгоҳҳои хусусиро ба ин кор ҷалб кард. Онҳо ба гуфтаи таҳлилгарон дорои имконияту шароити беҳтар ҳастанд ва дар ҳар як деҳа низ дастрасанд.