Дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Имороти Муттаҳидаи Араб, ин кишвар визаи иқомати "бисёре" аз эрониёни муқими Иморотро дар ҳоле, ки дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебаранд, бекор кардааст. Ҳатто баъзе аз дорандагони эронии "визаи тилоӣ"-и Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам аз паёмадҳои ин тасмими расмии ҳукумат канор намонда ва бо лағви иқомат рӯбарӯ шудаанд.
Имороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс аз ҳамон ибтидои ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон ҳадафи ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Сипоҳи посдорон қарор гирифтанд. Дар ин миён, танҳо Иморот бинобар гузоришҳо, то кунун ҳадафи беш аз ду ҳазор ҳамлаи мушакӣ ва паҳбодии Эрон будааст.
Як манбаъ ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки шумори эрониёне, ки ҳамакнну берун аз Иморот ҳастанд, бо чунин иқдоме рӯбарӯ шуда ва аз имкони бозгашт ба ин кишвар маҳрум шудаанд. Иморот ҳанӯз дар ин бора ба таври расмӣ чизе нагуфтааст.
Бар асоси манбаъҳои ғайрирасмӣ, байни 500 то 800 ҳазор эронӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ба вижа Дубай ва Шарҷа, зиндагӣ мекунанд ва арзиши дороиҳо ва касбу кори эрониён дар ин кишвар ҳудуди 300 миллиард доллар тахмин зада мешавад.