Вазирони корҳои хориҷии ин чаҳор кишвар дар Исломобод нишасти муштарак доир карданд, то таниш дар бӯҳрони Ховари Миёнаро коҳиш диҳанд. Эрон, Исроил ва Амрико дар ин нишаст намоянда надоштанд.
Исҳоқ Дор дар як паёми видеоӣ гуфт, ки ҳама тарафҳо ба нақши миёнаравии Покистон ибрози боварӣ кардаанд ва Чин низ "ба таври комил аз ибтикори мизбонии эҳтимолии музокироти Амрико ва Эрон дар Исломобод ҳимоят мекунад".
Ӯ афзуд, "Покистон ифтихор хоҳад дошт, то дар рӯзҳои оянда музокироти маънодорро миёни ду тараф мизбонӣ кунад".
Покистон дар ҷанги ҷорӣ нақши миёнарав дар табодули паёмҳо миёни Эрон ва Амрикоро ба ӯҳда гирифтааст.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон дар баёнияе кутоҳ эълон кард, ки ин нишасти чаҳорҷониба миёни дипломатҳои баландпояи ин кишварҳо "барои баррасии таҳаввулоте дар ҳоли тағйир дар минтақа ва гуфтугӯ дар бораи масъалаҳои мавриди алоқаи муштарак" баргузор шуд.
Бадр Абдулотӣ ва Ҳоқон Фидон, вазирони корҳои хориҷии Миср ва Туркия шанбешаб вориди Исломобод шуданд ва Файсал бин Фарҳон, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ баъд аз зуҳри 29 март ба пойтахти Покистон расид.
Пеш аз оғози нишаст, вазири корҳои хориҷии Покистон мулоқотҳои дуҷониба бо вазирони корҳои хориҷии Миср, Туркия ва Арабистони Саудӣ анҷом дод. Ҳоқон Фидон ва Бадр Абдулотӣ ба таври муштарак бо Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон, дидор карданд.
Аз ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон беш аз як моҳ мегузарад. Мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ мегӯянд, ки дар ин муддат пойгоҳҳои партоби мушаки Эрон ва таъсисоти ҳастаии ин кишвар осеб диданд ва Эрон аз ҷиҳати низомӣ заъиф шудааст.
Эрон ҳам дар ин муддат ба Исроил ва кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико мебошанд, ҳамлаҳо анҷом додааст. Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ансоруллоҳ"-и Яман ва "Ҳашд Аш-Шаъбӣ"-и Ироқ, ки аз сӯи Теҳрон ҳимоят мешаванд, низ ба ин ҷанг пайвастаанд.
Ба иттилои мақомоти расмии Эрон ва Лубнон, бар асари ҳамлаҳои ҳавоии ва мушакии Амрико ва Исроил, садҳо нафар дар ин ду кишвар кушта шудаанд.
Бар асари ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ва кишварҳои минтақа, даҳҳо нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.