Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон, рӯзи якшанбе дар як суханронӣ гуфт, ки Амрико "ба таври ошкоро барои музокирот паём мефиристад, вале пинҳонӣ барои ҳамлаи заминӣ нақша мекашад".
"Мардони мо интизори вуруди заминии нерӯҳои амрикоӣ ҳастанд," -- афзуд ӯ.
Ин изҳороти Қолибоф дар посух ба гузоришҳо дар бораи омодагии артиши Амрико ба амалиёти заминӣ, бо ҳадафи боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз садо дод.
Ҷанг дар Эрон беш аз чор ҳафта боз идома дорад ва Ҷумҳурии Исломӣ то кунун як бахши қобили таваҷҷуҳи нерӯи мушакӣ ва дарёии худро аз даст дода, бисёре аз фармондеҳони олирутбаи Сипоҳи Посдорон дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.
Бо ин ҳама, Эрон бо истифода аз мавқеи худ дар шимоли Халиҷи Форс ва наздикӣ ба гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки 20 дарсад аз нафту гази ҷаҳон аз тариқи он убур мекунад, тавонистааст, бар бозори энержӣ дар саросари ҷаҳон ва аз ин роҳ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба таври чашмрас таъсир расонад.
Дар як моҳе, ки ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба хоки Эрон идома дорад, ҳукумати Эрон тақрибан ҳар рӯз ва ҳар шаб тарафдорони худро ҳатто зери бомбаборон ва дар авҷи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хиёбонҳо мебароранд. Иқдоме, ки сабаби марги мардуми ғайринизомӣ дар ин таҷаммуъҳо шудааст.