Мақомоти Кувайт эълон карданд, ки бар асари бархӯрди як паҳпод ба анбори сӯхт дар Фурудгоҳи байнулмилалии ин кишвар сӯхтор сар зада, аммо талафоти ҷонӣ надоштааст.
Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", Идораи умумии ҳавопаймоии Кувайт эълон кард, "зарар маҳдуд буда", нерӯҳои имдодрасон фавран барои хомӯш кардани оташ вориди амал шуданд.
Ин зарбаи севум ба фурудгоҳи Кувайт аз оғози ҳамлаҳои Исроилу Амрико ба Эрон ва посухҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба кишварҳои атроф аст. Пештар низ ҳамлаҳое ба анбори сӯхт ва сомонаи радарии ин фурудгоҳ гузориш шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, фаъолияти ин фурудгоҳ аз оғози даргириҳо қатъ шуда, парвозҳо ба фурудгоҳҳои Арабистони Саудӣ, аз ҷумла Дамом анҷом мешаванд.
Мақомҳои кувайтӣ ҳамчунин эълон карданд дар мавҷи нави ҳамлаҳо, 13 паҳпод ва шаш мушак раҳгирӣ шуд ва бонги хатар зиёда аз 10 бор дар тӯли шаб садо дод.