Дастаи наврасони Тоҷикистон дар "Ҷоми истеъдодҳо-2026" сеюм шуд

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Ҷаъфар Аҳмадов дар мусобиқаи байнулмилалии «Talents Cup 2026» (“Ҷоми истеъдодҳо-2026”) дар Қирғизистон мақоми сеюмро касб намуд.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки аз 20-ум то 24-уми март дар шаҳри Бишкек, дар майдони сунъии Академияи миллии футболи Қирғизистон сурат гирифт, дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон се бозӣ анҷом дод.

Футболбозони навраси тоҷик ҳамсолони худ аз Қазоқистонро бо ҳисоби 5:2 мағлуб карда, бозиро бо дастаи Узбекистон бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расониданд ва аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Қазоқистон бо шаш имтиёз дар ин мусобиқа пирӯз шуд. Дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти натиҷаи рақобати байни ҳамдигар Қирғизистон ҷойи дуюм ва Тоҷикистон мақоми сеюмро ишғол карданд.

Ҳамакнун дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 4-ум то 14-уми апрел дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бошад, бо роҳбарии Далер Каёсов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 аз 19-ум то 25-уми март дар шаҳри Чжаотсини Чин машқҳои дастаҷамъӣ гузаронд.

Наврасони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Чин ду бозии дӯстона анҷом доданд. Бозии аввали дӯстона бо тими наврасони Чин, ки 21-уми март баргузор шуд, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Бозии дуюми дӯстона, 24-уми март сурат гирифт, бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид.

Бозиҳои дӯстона дар Чин барои дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, маҳсуб меёёфт. Дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони Тоҷикистон бо тимҳои Тайланд (5-уми май), Мянмар (9-уми май) ва Арабистони Саудӣ (12-уми май) рақобат мекунанд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Мубин Эргашев дар мусобиқаи байнулмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026», ки дар Ҳиндустон сурат мегирад, ширкат меварзад.

Дар ин мусобиқа дастаи олимпии Тоҷикистон бо тимҳои Бутан (25-уми март) ва Ҳиндустон (31-уми март) бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Golden Jubilee Stadium»-и шаҳри Юпия баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби олимпии Тоҷикистон соли оянда дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 иштирок хоҳад кард.