Ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23-юми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шуруъ шуда, 24-уми март дар Маркази техникии Федератсияи футболи кишвар дар ноҳияи Варзоб идома кард.
Ба ҳайати тими миллӣ 25 бозигар барои омодагӣ ба рақобати ҳалкунанда бо филиппиниҳо даъват шудаанд – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Туран Товус», Озарбойҷон), Далер Азизов («Ҳосилот», Фархор);
Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Узбекистон), Меҳрубон Каримов, Сайёди Ковусшо (ҳарду аз «Равшан», Кӯлоб), Аҳтам Назаров («Вахш», Бохтар), Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол», Душанбе), Фурқон Раҳимзода («Ҳосилот»), Аҳмадҷон Шоев («Сардор», Турсунзода);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Теренгану», Малайзия), Алишер Шукуров («Қизилқум», Узбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷовидон Хушвахтов («Барқчӣ», Ҳисор), Ҷамшед Махсумов («Равшан»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ал-Карма», Ироқ), Шериддин Бобоев («ПСМ Макассар», Индонезия), Рустам Соиров, Далер Шарипов (ҳарду аз «Истиқлол»).
Сармураббӣ – Горан Стеванович (Сербистон).
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутахассиси 45-сола Андрей Мисюк аз Беларус чанд рӯз пеш ҳамчун мураббии омодагии ҷисмонӣ дар тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ қаблан дар дастаҳои БАТЭ ва «Ислоч» (Беларус), «Атирау» ва «Туран» (Қазоқистон) фаъолият кардааст.
Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин шаби сешанбеи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 оғоз меёбад. Нархи билет барои тамошои бозӣ дар ҳамаи нишастгоҳҳои варзишгоҳ 20 сомонӣ аст.
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Фидиппинро гурӯҳи доварон аз Ҷопон ҳакамӣ мекунад. Довари FIFA Хироки Касахара сардовари бозӣ мебошад. Пратап Сингҳ аз Ҳиндустон нозири доварон ва Алим Орифов аз Узбекистон комиссари бозӣ интихоб шудаанд.
Ёдовар мешавем, бозии тимҳои миллии Филиппину Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”, ки 10-уми июни соли гузашта дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и шаҳри Капас доир гардида буд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” Тоҷикистон ва Филиппин 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Филиппин дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошанд. Ҳарду даста аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштаанд.
Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин ҳал хоҳад шуд. Футболбозони тоҷикро дар ин бозии тақдирсоз натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад. Аммо ба филиппиниҳо барои дарёфти роҳхат дар бозӣ бо мизбонон танҳо пирӯзӣ зарур аст.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.