Владимир Путин, президенти Русия, созишномаро бо Тоҷикистон дар бораи ташхиси муҳоҷирон қабл аз сафар имзо кард.
Ба гузориши хабаргузории расмии "ТАСС", бо имзои Путин раванди тасдиқ ё ратификатсияи созишнома дар Русия ба анҷом расид ва ин санад иҷроӣ мешавад.
Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия, рӯзи 17-уми март ин созишномаро тасдиқ карда буд. Бар пояи ин санад, акнун муҳоҷирони тоҷик метавонанд пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Натиҷаи ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур аст. Дар назар аст дар як ё чанд дармонгоҳи шаҳри Душанбе нуқтаҳои муоинаи тиббӣ боз шаванд, ки ба ташхиси муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафари онҳо ба Русия машғул хоҳанд шуд.
Нархи ташхис ба гуфтаи Саломиддин Юсуфӣ, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, 240 сомонӣ ё 25 доллар арзиш дорад.
Муҳоҷирони тоҷик борҳо аз мушкил будани гирифтани санади тиббӣ дар Русия шикоят кардаанд.