Тоҷикистон дар соли 2025-ум 187 миллион доллар қарзи хориҷияшро кам кардааст.
Вазорати молия дар гузорише навишт, то 1-уми январи соли 2026 қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба 17,1 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст.
Соли гузашта Тоҷикистон асосан қарзашро дар назди "Эксимбонк"-и Чин ва аз ҳисоби евробондҳо кам кардааст.
Аз ҷумла, қарзи Душанбе аз "Эксимбонк"-и Чин аз 820 миллион доллар ба 737 миллион доллар кам шудааст. Ин бонки чинӣ бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон мебошад. Қарзҳои зиёди Чин қаблан нигарониҳоеро ба миён оварда буд.
Бар асоси гузориши Вазорати молия, Тоҷикистон аз 500 миллион доллар пули евробондҳо, ки барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ҷалб шуда буданд, 170 миллион доллари онро баргардондааст. Боқимонда 333 миллион доллари дигар бояд имсол бозпас дода шаванд.
Вале қарзи Тоҷикистон дар назди созмонҳои молие чун Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки исломии рушд каме зиёд шудааст. Аз ҷумла, қарзи кишвар дар назди Бонки ҷаҳонӣ аз 364 ба 379 миллион доллар расид.
Тоҷикистон имсол ният дорад, ки аз кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ 6,3 миллиард сомонӣ ё қариб 680 миллион доллар қарз гирад. На ҳама созмонҳои молии ҷаҳонӣ ҳозиранд ба Тоҷикистон қарз диҳанд.
Аз ҷумла, чанде пеш Бонки осиёии рушд Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки танҳо ба гирифтани грант ҳақ доранд. Ҳамчунин Тоҷикистон солҳост, ки наметавонад аз Сандуқи байнулмилалии пул қарзи имтиёзнок гирад.