Сабаб даргириҳои марзӣ байни Толибону Покистон буд, ҳарчанд Толибон гуфтаанд, ки мехоҳанд, истеъмоли доруҳои тақаллубиро кам кунанд. Ҳоло бозори доруфурӯшии Афғонистон ва мардум низ ҳангоми муолиҷа ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шудаанд.
Фармони Толибон барои тағйири куллии бозори доруворӣ дар Афғонистон, ки ҳадафаш рушди истеҳсоли ватанӣ ва дастрасӣ бо доруҳои беҳтар будааст, мушкилоти зиёдеро ба бор овардааст. Аз ҷумла дар нархи доруҳо, ки бештар аз Покистон ворид мешуданд.
Муҷибулло Афзалӣ, як доруфурӯш мегӯяд, "дар нархҳои дору каме тағйирот омадааст. Қимати доруҳои дохилӣ тағйир накардааст, аммо дар қимати доруҳои покистонӣ тағйирот омад. Қимати баъзе баланд шудааст, баъзеашон аслан пайдо намешавад. Барои мардум бисёр мушкилот пайдо шудааст".
Толибон моҳи ноябри соли гузашта эълон карданд, ки ба вобастагии Афғонистон ба доруҳои воридоти Покистон поён медиҳанд. Ин тасмим пас аз даргириҳои хунини марзӣ бо ҳамсоякишвар гирифта шуд. Толибон аз ҳамаи воридкунандагон хостааст, ба ҷойи Покистон сарчашмаҳои дигари доруворӣ пайдо кунанд. Ҳоло ба Ҳинд рӯ овардаанд.
Муҷибулло Афзалӣ мегӯяд, "қаблан мо доруро аз Ҳиндустон меовардем, вориди Афғонистон мекардем. Аз роҳи Карочӣ ва аз роҳи Покистон буд, барои мо иқтисодитар буд. Ҳоло аз роҳи Ислом Қалъа ворид мекунем, ки ҳудудан 15 ё 20 дарсад фарқ дорад. Роҳи Карочӣ наздиктар буд, роҳи Эрон каме дуртар аст".
Хабаргузории "Франс Пресс" аз қавли як дорусоз навиштааст, зиёни молии тоҷирон миллионҳо долларро ташкил медиҳад. Толибон гуфтаанд, як сабаби фармони онҳо роҳ надодан ба доруҳои тақаллубӣ аз Покистон буд ва онҳо гӯё роҳи ҳалро ёфтанд.
Шарофат Замон, сухангӯи Вазорати тандурустии Афғонистон
"Ҳиссаи зиёди доруворие, ки ба Афғонистон ворид мешуд, ба Покистон тааллуқ дошт. Ҳинд дар ҷойи дувум буд. Ин маънои онро дорад, ки ҳоло мо бояд тамоми ниёзро тавассути доруҳои ҳиндӣ бароварда кунем. Мо ба ин кор муваффақ шудем. Мо доруҳои заруриро аз Ҳинд бо ҳавопаймо ба Афғонистон меорем, ки ин мушкили ҳам тоҷирон ва ҳам беморонро осон кард".
Ҳукумати Толибон ҳоло бо Эрон, Ҳинд, Бангладеш, Узбекистон, Туркия, Чин ва Беларус барои таъмини дору ҳамкорӣ доштааст. Дар кишвар ҳам истеҳсоли доруро ба роҳ мондаанд. Дар ҳамин ҳол, табибон дар Афғонистон ба мушкил рӯбарӯ шудаанд ва он ҳам норасоии дору ва қиматҳои гарон, ки метавонад, бо қимати ҷони бемор анҷом ёбад.