Табиби баҳсбарангези узбекро дар Боку боздошту ихроҷ карданд

Дар Озарбойҷон Иқбол Солиев, табиби шинохтаи мардумии Узбекистонро боздошту ихроҷ кардаанд.

Расонаҳои озарбойҷонӣ бо такя ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки Иқбол Солиев дар аввали моҳи марти имсол дар Боку ва баъди он дастгир шудааст, ки қабули муштариён аз сӯйи ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои бонуфуз боиси бесарусомонӣ гаштааст.

Таҷаммуи мизоҷон ва табобат бо усулҳои баҳсбарангезу ғайриодӣ аз сӯйи ӯ таваҷҷӯҳи пулисро ҷалб карда, сабаби боздошташ шуд.

Аз ин пеш Иқбол Солиевро барои бе иҷозатнома пешниҳод кардани хидматрасонии тиббӣ дар Узбекистон ба ҷавобгарӣ кашида буданд. Назари Иқбол Солиев ба ин қазия маълум нест.

Дар миёни мизоҷони ин табиб узбек тоҷикистониҳо ҳам кам нестанд. Дар наворҳое, ки аз раванди қабули ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки сокинони Тоҷикистон ҳам барои гуиё ҳалли мушкилоти худ ва ё табобат ба назди Иқбол Солиев рафтаанд. Дар Тоҷикистон солҳои ахир чунин афрод боздошту муҷозот мешаванд.