Намояндагони ҳукумат дар шимоли Тоҷикистон гуфтанд, то ду сол пеш Русия сармоягузори асосӣ ба иқтисоди вилоят буд, ҳоло ҷояшро Чин гирифт.
“Бар асоси ҳисоботи соли 2025, сармоягузори бевоситаи 13 корхона дар вилоят Хитой (Чин) мебошад. Тақрибан 70 дарсади сармоягузорӣ аз ҳисоби хитоиҳо ба вилоят сурат гирифтааст,” – гуфт Муҳаммадҷобир Раҷабзода, муовини раиси Идораи сармоягузорӣ.
Дар умум дар соли 2025 якуним миллиард доллар сармояи хориҷӣ ба вилояти Суғд ҷалб карда шудааст. Баъд аз Чин Русияву Қазоқистон ба ин минтақаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ доштаанд.
Муҳаммадҷобир Раҷабзода гуфт: “Намояндагии Пинген Энерҷӣ дар шаҳраки Шӯроби Исфара барои барқарорсозии кони ангишт зиёда аз 100 миллион доллар равона кард. Сармоягузори “Алфабет” бевосита хитоиҳо ҳастанд. Маблағгузори “Баҳори Бӯстон” низ ҷониби Хитой мебошад.
Аз ҳама калонтаринаш Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой аст, ки дар соли 2025 зиёда аз 100 миллион доллар ба иқтисоди вилоят равона кард.”
Пас аз тақрибан 15 соли муфлисӣ ва азкормондани Комбинати Адрасмон чиниҳо омода шудаанд, ки онро аз нав ба кор дароранд. Солҳои пеш сармоягузорони кишварҳои дигар натавонистанд ё нахостанд барои фаъол кардани он бо мақомоти Тоҷикистон ба созиш бирасанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Чин бояд маъдани истихроҷшударо дар Тоҷикистон коркард кунад"
Ба ҷуз ин, қарор аст, чиниҳо дар соли 2026 ду корхонаи азими дигарро фаъол кунанд, ки ҳазинаи онҳо низ аз 100 миллион доллар зиёд аст. Коршинос Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, Чин дар ивази сармоягузориҳои зиёд сарвати аз он бештарро соҳиб мешавад.
Ӯ афзуд: “Бахши асосии даромад аз коркарди маъдан ба берун меравад. Яъне, фоида дар дасти Тоҷикистон камтар мемонад. Онҳо манфиатдори сохтани корхонаҳои коркарди ниҳоиро надоранд. Ҳарчанд солҳои охир бо даъвату талаби ҷониби Тоҷикистон якчанд корхона бунёд шуд, муҳлати ба кор сар карданашро сол ба сол кашол медиҳанд”.
Ҳарчанд намояндагони ҳукумат дар шимоли Тоҷикистон аз тарҳҳои ба гуфтаашон бузургу корхонаҳои азим ва ҷойҳои кории офаридаи Чин ситоиш карданд, баъзе нигарониҳо аз пайомади кори онҳо вуҷуд дорад.
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2024 нишон дод, ки чиниҳо дар истихроҷи маъдан ва ҳам кишоварзӣ аз фанноварӣ ва моддаҳои кимиёии зараровар истифода мебаранд.
Аз ҷумла, сокинони деҳаи Хумгарон дар канори корхонаи тилои "Зарафшон"-и Панҷакент дар номае ба раисҷумҳур аз афзоиши бефарзандӣ дар оилаҳои ҷавон, таваллуди бармаҳали кӯдакон, фигона ё бачапартоӣ ва афзоиши бемориҳои роҳи нафас ва асаб изҳори нигаронӣ карда буданд.
Чин, ки дар ҳоли ҳозир аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад, ба Душанбе беш аз 800 милилон доллар қарз додааст. Ва ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи сарватҳои табии Тоҷикистон ҳузури густурда доранд.
Пойбандии ҳарчи бештари иқтисодии Тоҷикистон аз Чин ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки Душанбе дар оянда пойбанди амру иродаи сиёсии Пекин хоҳад гашт. Биноан, коршинос Неъматулло Мирсаидов пешниҳод дорад, ки мақомот сармоягузоронро аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Аврупо ҷалб кунанд, то гуногунӣ ба вуҷуд ояду баробарӣ риоя гардад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чин дар Тоҷикистон даҳҳо дидбонгоҳи нави марзӣ месозад ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аввалин қатори Чин-Тоҷикистон ба роҳ баромадааст